УЗРИ ЛАНГ...
Туро ман мешиносам, тухми носабзидаи деҳқон,
Ки мемонӣ ба шеъри носуруда,
Ё насиби норабуда,
Ё умеду орзуи монда дар дил,
Аз талоши зиндагонӣ монда ғофил...
Туро ман мешиносам, хӯшаи помолгардида,
Ба монанди ҳавасҳои ҷавонӣ,
Ба сони ишқи новарзида
Дар як кунҷи дил монда чу ганҷи бостонӣ.
Шуморо мешиносам, чашмаҳое,
ки ба дарёҳо наёмезед,
Ба тӯфонҳо напардозед,
Ба соҳилҳо набистезед.
Шуморо мешиносам, рӯдҳои масти тӯфонҷӯш,
Шуморо ром карданду миёни
соҳили маснӯъи қолабсон
Басо беҷӯшу бешӯру забонбаста равон ҳастед.
Чу шери баста дар занҷир,
Марас1
бар гардану феъли табиатзоди
худро бурдаед аз ёд.
Шумо, эй рӯдҳои нурзоянда,
Ки месозед равшан роҳҳои дури оянда!
Ҳаметарсам, ки рӯзе соҳибонтон
баҳри шамъе зор хоҳад шуд,
Сари сарчашма охир ташна хоҳад мурд,
Аз ин сарчашмадорӣ худ чӣ хоҳад бурд?
Шумо – дастихуши ин зӯрдастонед,
Ки аз афсунашон гум мешавад афсонаи ҳастӣ.
Шумо – маҳруми асли худ,
Шумо – афгонаи2
ҳастӣ!
Шуморо мешиносам, сангҳои зерипомонда,
Зи асли худ ҷудо монда!
Агар дасти ҳунарманде шуморо метарошид,
Ба рагҳотон равону рӯҳ мебахшид,
Бузургони ҷаҳони мозию имрӯзро бас буд,
Ки аз як пораи беҷонатон ҷони абад ёбанд...