ПАНҶАҲОИ БОРБАД
«Устоди ағонӣ ва нағамот Бор-
бад ба созу навои хеш Эронзаминро
бар халифаҳои аъроб шӯр ангезонид,
чун ин қасдаш натиҷа надод,
панҷаҳои ҳазордастонашро бибурид
ва сози барбаташро оташ зад».
Аз «Китоб-ут-тоҷ»
Чӣ суд аз дасти ман, гар нашканад
дастони ғосибро?
Чӣ суд аз захмаи ман, гар ба захми халқ
марҳам нест?
Чӣ суд аз панҷаи ман, то натобад панҷаи золим?
Чӣ суд аз нағмаи ман, то ба дарди халқ
ҳамдам нест?
Ало мардум,
Ман аз дарди шумо зодам,
Ман аз ёди шумо зодам,
Ман аз хоки тапишҳои шумо рустам,
Зи бунёди шумо зодам.
Агар ман Борбад бошам,
Ба ҷои орзуҳои ҷаҳонзоди шумо зодам.
Вале имрӯз,
Рӯзе, ки шумову ман ҳама дар панҷаи ағёр
мепечем,
Аҷам хоҳад таҳи дори аҷал шуд,
Аҷам хоҳад гирифтори адам шуд,
Вой бар ҳоли аҷамбошон!
Намедонам,
валекин косаи удам ҳамегӯяд,
ки садҳо сол андар косаи сарҳоятон томот
меҷӯшад,
Дигар, савганд бо номи бузургони Аҷам,
Касе аз косаи барбат
бароҳат косаи шарбат наменӯшад.
Дигар аз гӯши уди ман намеояд
Хурӯши тору пуди мо.
Дигар бар гардани Эрон намепечад
Батар аз мор гардони суруди мо.