Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2584

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1703

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1437

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1387

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1119

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1047

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1024

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 837

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 827

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 789

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 727

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 726

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Забон гумкарда

👁 711

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 697

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 680

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 658

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 629

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 622

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 613

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Найнома

👁 608

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 603

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хандаи лола

👁 581

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 568

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ватан

👁 558

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 557

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳамаи шеърҳо

Аз зӯҳд агар мадад диҳӣ имонро,

👁 6

Аз зӯҳд агар мадад диҳӣ имонро, Муртоз кунӣ ба тарки дунё ҷонро. Тарки дунё, на зӯҳди дунё, зеро-к Наздики хирад зӯҳд бихонанд онро.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Ё раб, зи карам даре ба рӯям бикушо,

👁 10

Ё раб, зи карам даре ба рӯям бикушо, Роҳе, ки дар ӯ наҷот бошад, бинамо. Мустағниям аз ҳар ду ҷаҳон кун ба карам, Ҷуз ёди ту ҳар чӣ ҳаст, бар аз дили мо.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Гуфтӣ, ки манам моҳи Нишопур, саро,

👁 9

Гуфтӣ, ки манам моҳи Нишопур, саро, Эй моҳи Нишопур, Нишопур туро. Они ту турову они мо низ туро, Бо мо бинагӯӣ, ки хусумат зи чиро.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

То дард расид чашми хунхори туро,

👁 5

То дард расид чашми хунхори туро, Хоҳам, ки кашад ҷони ман озори туро. Ё раб, ки зи чашм захми даврон ҳаргиз Дарде нарасад наргиси бемори туро.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Васли ту куҷову мани маҳҷур куҷо.

👁 10

Васли ту куҷову мани маҳҷур куҷо. Дурдона куҷо, ҳавсалаи мӯр куҷо? Ҳарчанд зи сӯхтан надорам боке, Парвона куҷову оташи Тур куҷо?

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Дар Каъба агар дил суи ғайр аст туро,

👁 10

Дар Каъба агар дил суи ғайр аст туро, Тоат ҳама фисқу Каъба дайр аст туро. В-ар дил ба Худову сокини майкадаӣ, Май нӯш, ки оқибат ба хайр аст туро.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Гуфтам: Санамо, лоларухо, дилдоро,

👁 13

Гуфтам: Санамо, лоларухо, дилдоро, Дар хоб намой чеҳра боре, ёро. Гуфто, ки равӣ ба хоб бе мо в-он гаҳ Хоҳӣ, ки дигар ба хоб бинӣ моро?

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Во фарёдо зи ишқ, во фарёдо,

👁 11

Во фарёдо зи ишқ, во фарёдо, Корам ба яке турфа нигор афтодо. Гар доди мани шикаста додо, додо В-арна ману ишқ, ҳарчӣ бодо, бодо!

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Боз ҳавои чаманам орзуст

👁 20

Боз ҳавои чаманам орзуст, Ҷилваи сарву суманам орзуст. Накҳати гулро чӣ кунам, э насим, Бӯе аз он пираҳанам орзуст.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Сарнавиштро бояд аз сар навишт

👁 68

Сарнавиштро бояд аз сар навишт, Шояд ин бор каме беҳтар навишт. Ошиқиро ғарқи дар бовар навишт, Ғуссаҳоро қиссаи дигар навишт.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Ҳамди беҳад мар Худои покро

👁 65

Ҳамди беҳад мар Худои покро, Он, ки ҷон бахшид мушти хокро. Он, ки дар Одам дамид Ӯ рӯҳро, Дод аз тӯфон наҷот Ӯ Нӯҳро.

Фаридуддин Аттори Нишопурӣ
Фаридуддин Аттори Нишопурӣ

Меҳри модар

👁 60

Ба нураш гарчи ин хуршеди ховар Фаро гирад ҷаҳонеро саросар, Намегардад валекин он баробар Ба ин пурқувватӣ бо меҳри модар.

Аминҷон Шукӯҳӣ
Аминҷон Шукӯҳӣ

Тошканд

👁 15

Нуктае чанд арҷманд шунав, Сифати мулки Тошканд шунав, Он диёре, ки хубияш ҳама ҷо Гашта собит ба мардуми доно.

З
Зайниддин Восифӣ

Ин хона зи хишти куҳна андохтаам,

👁 47

Ин хона зи хишти куҳна андохтаам, Дар вай ҷашне зи рафтагон сохтаам, То аҳли замони мо бидонанд, ки ман Як умри ҷавонӣ ба чӣ раҳ бохтаам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ин боғ зи нахли куҳан оростаам,

👁 36

Ин боғ зи нахли куҳан оростаам, В-он нахл ба теғи хома пиростаам. Сайронгаҳе зиёда кардам ба шумо, Ҳарчанд зи умри худ басе костаам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Зоҳид, ки ҳамеша таъни мастӣ мекард,

👁 23

Зоҳид, ки ҳамеша таъни мастӣ мекард, Бо шишаву бода сангдастӣ мекард. Чун чашми туро дид, ки мастӣ мекард, Мастӣ мекард, майпарастӣ мекард.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Дар мадраса ҳуҷраи қулай нест маро,

👁 29

Дар мадраса ҳуҷраи қулай нест маро, Дар майкада ваҷҳи нуқлу май нест маро. То кай гӯям, ки ину вай нест маро? Билҷумла ба даҳр ҳеҷ шай нест маро!

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Шод аз ту шудам аввалу ғамгин охир,

👁 28

Шод аз ту шудам аввалу ғамгин охир, Рафт аз кафи ман қарору тамкин охир. Охир, зи сари раҳм гузаштан то кай? Аз лутф дар ин миён яке бин, охир.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Он холи сияҳ, ки бар рухат ҷо дорад,

👁 37

Он холи сияҳ, ки бар рухат ҷо дорад, Ҳиндуст, вале ба хулд маъво дорад, Гар ҳинду нест, аз чӣ аз роҳи ҷафо Тороҷи матои дин тақозо дорад?

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Мактаб ба ту ёд медиҳад илму адаб,

👁 213

Мактаб ба ту ёд медиҳад илму адаб, Мактаб зи ту мебарад ғаму ранҷу тааб, Як нуктаи мухтасар зи мактаб гӯям: Одам нашавад касе магар аз мактаб.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ҳушёр шав, ин аҳди накуӣ гузарад,

👁 22

Ҳушёр шав, ин аҳди накуӣ гузарад, Айёми баҳору тозарӯӣ гузарад. Ҳарфе зи вафо ба безабонони чаман, Гӯӣ гузарад, агар нагӯӣ, гузарад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Айнӣ, ҳама завҷу фарди олам дидем,

👁 32

Айнӣ, ҳама завҷу фарди олам дидем, Маҷмӯи давою дарди олам дидем. Кам сохт ба мо ҷуз оҳи сарду дами гарм, Бисёр зи гарму сарди олам дидем.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Эй дил, ба ғами ишқ гирифтор шудӣ,

👁 44

Эй дил, ба ғами ишқ гирифтор шудӣ, Девона шудӣ, хаста шудӣ, хор шудӣ. Якчанд қарини суҳбати ёр шудӣ, Имрӯз ба як дидани ӯ зор шудӣ.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

БОМДОДИ БАҲОРОН

👁 27

Айёми баҳору бомдодӣ, Вақти фараҳ асту гоҳи шодӣ. Бар ҷониби марғзор бинӣ, Ҳар сӯ гулу лолазор бинӣ,

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

ПАНД

👁 43

Эй қуввати ҷисму қути ҷонам, Осоиши ҷони нотавонам. Бишнав зи ман ин хуҷистагуфтор: Мафрӯш замини хеш зинҳор!

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ
Саҳифаи 188 аз 1000