Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Фаридуддин Аттори Нишопурӣ
Фаридуддин Аттори Нишопурӣ

Ҳамди беҳад мар Худои покро

Ҳамди беҳад мар Худои покро, Он, ки ҷон бахшид мушти хокро. Он, ки дар Одам дамид Ӯ рӯҳро, Дод аз тӯфон наҷот Ӯ Нӯҳро. Он, ки фармон кард қаҳраш бодро, То сазое дод қавми Одро. Он, ки лутфи хешро изҳор кард, Бар халилаш норро гулзор кард. Он Худованде, ки ҳангоми саҳар, Кард қавми Лутро зерузабар. Сӯи Ӯ хасме, ки тир андохтӣ, Пашшае кораш кифоят сохтӣ. Он, ки аъдоро ба дарё даркашид, Ноқаро аз санги хоро баркашид. Чун иноят қодири Қайюм кард, Дар кафи Довуд оҳан мум кард. Бо Сулаймон дод мулки сарварӣ, Шуд мутеи хотамаш деву парӣ. Он яке пӯшида санҷобу самур, В-он дигар хуфта бараҳна дар танур. Он яке бар бистаре кимхобу нах, Дигаре бар хоку хоре баста ях. Турфатулайне ҷаҳон барҳам занад, Кас наметавонад, ки он ҷо дам занад. Он, ки бо мурғи ҳаво моҳӣ диҳад, Бандагонро давлати шоҳӣ диҳад. Бе падар фарзнад пайдо Ӯ кунад, Тифлро дар маҳд гӯё Ӯ кунад. Мурдаи садсоларо ҳай мекунад, Ин ба ҷуз Ҳақ дигаре кай мекунад?! Сонее к-аз тин салотин мекунад, Наҷмро раҷми шаётин мекунад. Аз замини хушк рӯёнад гиёҳ, Осмонро бесутун дорад нигоҳ. Ҳеҷ кас дар мулки Ӯ анбоз нест, Қавли Ӯро лаҳн не, овоз не.