Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
З
Зайниддин Восифӣ

Тошканд

Нуктае чанд арҷманд шунав, Сифати мулки Тошканд шунав, Он диёре, ки хубияш ҳама ҷо Гашта собит ба мардуми доно. Ваҳ, чӣ мулке, ки равзаи Ризвон Шудааст аз хиҷолаташ пинҳон. Ҳар кӣ бошад дар ин диёр муқим, Ёд н-орад дигар зи хулди наим. Мурдан он ҷо бувад басе хуштар, Ки бувад зинда кас ба ҷойи дигар. Хоки ӯ ончунон, ки то бояд, Абри раҳмат бар ӯ ҳамеборад. Боду хокаш ҳамебарад ба фалак, То кунад тӯтиёи чашми малак. Ё ба ҷаннат барад, ки Ризвонаш Кунадаш атри ҳуру ғилмонаш. Оби ӯ ончунонки оби ҳаёт Шуд зи шармаш нуҳуфта дар зулумот. Хизр аз ин об агар хабар медошт, Сӯйи зулмат алам намеафрошт. Балки ин об ҷусту рафт нахуст, Даҳану даст з-Оби ҳайвон шуст. Рӯди Оби Пурак, ки ҳаст равон, Салсабил аст дар риёзи ҷинон. Дар такаш сангреза дурри самин, Дархури гӯшвори ҳурулъин. Боди ӯ ончунон, к-аз ӯст Масеҳ Гашта мустаншиқ аз пайи тафреҳ. Насамоти шамоли ӯ марғуб, Чун дами рӯҳпарвари маҳбуб. Аз ҳубуби сабош ҷони сақим Ёфт дар дам шифову гашт салим. Оташи ӯ чу маҳвашон саркаш, Лек чун лаъли дилкаши маҳваш. Баски хоҳад, ки фитна ангезад, Шуълаи ӯ нишинаду хезад. Шуълаҳояш, ки барфарозад сар,