Шамъ бар ёди қадат чун рӯ ба девор оварад
Шамъ бар ёди қадат чун рӯ ба девор оварад,
Сурати сарв аз дуди дил падидор оварад.
Сар ба сар оранд дар бустон дарахтон, гӯиё
Бод аз сарви қадат ҳар лаҳза ахбор оварад.
Нусхае хоҳад магар аз хатти сукутӣ баҳор,
К-аз давоти ғунча бе шангарф зангор оварад.
Гар муғаннӣ тори чанг аз риштаи ҷонам кунад,
Чангсон ушшоқро дар нолаи зор оварад.
Ҳар замон гардад пушаймон чашмат аз мардумкушӣ,
Ғамзаи шӯхи ту бозаш бар сари кор оварад.
Чун санавбар бори нахли қоматат дилхост, лек
Аз барои дардмандон бори дил бор оварад.
Восифиро монд ҳиҷрат дар даҳони муҳри сукут,
Лаъли дилҷӯят магар ӯро ба гуфтор оварад.