БОМДОДИ БАҲОРОН
Айёми баҳору бомдодӣ,
Вақти фараҳ асту гоҳи шодӣ.
Бар ҷониби марғзор бинӣ,
Ҳар сӯ гулу лолазор бинӣ,
Ҳаст оби равон, равон ба ҳар сӯ,
Сабз аст зи сабзаҳо лаби ҷӯ,
Аз бӯйи гулу гиёҳи навхез,
Боди саҳарист анбаромез,
Гул хурраму барги ток хуррам,
Аз сабза тамоми хок хуррам,
Бархоста сарв, гул шукуфта,
Наргис лекин ҳанӯз хуфта,
3-ин коҳилӣ асту бешуурӣ,
Машҳур шудаст ӯ ба кӯрӣ.
Занбӯри асал кашад зи ҳар сӯ,
Шира зи шукуфаҳои хушбӯ,
Гунҷишк ба саъйи хеш дона
Аз дашт барад ба сӯйи хона,
Хоҳ мӯр асту хоҳ мор аст,
Ғарқи амал аст, маҳви кор аст.
Айб аст, ки одамӣ дар ин ҳол
Бекор ба гӯшае бихобад,
Дунё гардидааст фаъол,
Ӯ бар коре набаршитобад.