Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

ПАНД

Эй қуввати ҷисму қути ҷонам, Осоиши ҷони нотавонам. Бишнав зи ман ин хуҷистагуфтор: Мафрӯш замини хеш зинҳор! Мафрӯш замин, ки гавҳар аст ин, Гавҳар чӣ, шафиқа модар аст ин. Ин хоки сияҳ, ки мушкбез аст, Мафрӯш, ки модари азиз аст. Чун модари меҳрубони ҷонӣ Парварда туро ба меҳрубонӣ. Кас модари меҳрубон фурӯшад?!. Аблаҳ бошад, ки он фурӯшад. Ин хоки сияҳ бад-ин сиёҳӣ Бахшад ба ту неъмати илоҳӣ... Мафрӯш замин, ки хор гардӣ, Берӯзию беқарор гардӣ. Як парча замин, ки киштзор аст, Бар тарзи маишатат мадор аст. На ош хӯрад, на нон, на мева, Бахшад ба ту ошу нону мева. Ҳар тухм ба киштзор корӣ, Даҳ мерӯяд ба лутфи борӣ. Боғи ту, ки пур зи ангубин аст, Хуррам ҷоясту дилнишин аст. Ҳам себ туро диҳад, ҳам олу, Шафтолую ноку олболу. Ангур, ки ин қадар азиз аст, Аз боғи ту муфт руста чиз аст. Боғ аз чӣ сабаб ба зар фурӯшӣ? Зар муфт равад, агар фурӯшӣ. Ҳам боғ равад зи дасту ҳам зар, Монӣ ба ҷаҳон харобу абтар. Зар ҷамъ намо, замин ба даст ор, Мекор замин, ки зар диҳад бор. Бо зар ту гар эҳтиёҷ дорӣ, Гандум мекор, то зар орӣ. Зинҳор замину боғ мафрӯш! Ин панди наку бигир дар гӯш!..