Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

ОВОЗИ ТОҶИК

Ба парда то ба чандин рози тоҷик, Биё биншин, шунав овози тоҷик. Чу қумрӣ месароям нағма, чунки Гирифторам ба сарви нози тоҷик. Ба зеҳни софу истеъдоди фитрӣ Набошад дар ҷаҳон анбози тоҷик. Суханро чун арӯсон зеб дода Забони маърифатпардози тоҷик. Ҳунарҳо, пешаҳо эҷод карда Ба дунё қувваи ҷонбози тоҷик. Якин донӣ, ки анҷомаш ба хайр аст, Ба ёд орӣ агар оғози тоҷик. Ҷаҳонро сар ба сар санҷида дида, Ба аҳди рафта чашми бози тоҷик, Фақат бемактабӣ дар аҳди ҳозир Каме монеъ шуд аз парвози тоҷик. Пас аз чанде ба хомӯшӣ ғунудан, Баромад оқибат «Овози тоҷик».