Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

ТО БА КАЙ?

То ба кай ошуфтаи зулфи парешон аст дил? То ба кай хунгаштаи лаъли сухандон аст дил? То ба кай қурбони бераҳмии ҷонон аст дил? То ба кай вайрони истибдоди ҳиҷрон аст дил? То ба кай аз ғусса гирён ҳамчу найсон аст чашм? То ба кай аз доғ сӯзон ҳамчу нирон аст дил? То ба кай аз бекасӣ ҳамроҳи фарёд аст лаб? То ба кай аз берафиқӣ ёри афғон аст дил? То ба кай дар хоку хуни ҳаҷр ғалтон аст тан? То ба кай дар сӯзу доғи ишқ бирён аст дил? То ба кай аз хори роҳи ёр афгор аст пой? То ба кай аз ҷавру зулми дӯст нолон аст дил? То ба кай хам бар сари зонуи маъюсист сар? То ба кай хун аз ҳуҷуми доғи ҳирмон аст дил? Вақти он омад, ки дар саъю амал ҳиммат кунем. Дар сари осудагии хеш худ хидмат кунем. Нирон – оташ.