ШАБИ ТАНҲОӢ
Шаби танҳоӣ дили ман хун шуд,
Дили ман хун шуд шаби танҳоӣ.
Дили шайдоӣ ба куҷо гум шуд?
Ба куҷо гум шуд дили шайдоӣ?
Ба кӣ мегӯям дили хунгашта?
Дили хунгашта ба кӣ мегӯям?
Зи кӣ меҷӯям дили гумгашта?
Дили гумгашта зи кӣ меҷӯям?
На маро ҳамдам, на маро мунис,
На маро мунис, на маро ҳамдам.
На маро маҳрам, на маро мушфиқ
На маро мушфиқ, на маро маҳрам.
Сари расвоӣ сари ман дорад,
Сари ман дорад сари расвоӣ.
Сари савдоӣ ба куҷо монам?
Ба куҷо монам сари савдоӣ?
На маро хона, на маро бистар,
На маро бистар, на маро хона.
На маро лона, на маро болин,
На маро болин, на маро лона.
Чӣ бало мушкил алами дурӣ?
Алами дурӣ чӣ бало мушкил?
Наравад аз дил ғами маҳҷурӣ,
Ғами маҳҷурӣ наравад аз дил.
Ғами ҳамзодон чӣ ситам бар ман?
Чӣ ситам бар ман ғами ҳамзодон?
Алами ҳиҷрон чӣ ҷафо бар ман?
Чӣ ҷафо бар ман алами ҳиҷрон?..
Чӣ кунам, ё Раб, шаби танҳоӣ?!
Сари савдоӣ, дили шайдоӣ.
Ба ҷаҳон бо ҳам зи ҷаҳон барҳам
Бихӯрад, ё Раб, шаби танҳоӣ!