Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

ПАЙРАВ ЗИ МИЁН РАФТ

Пайрав, ки яке шоири шӯроии мо буд, Сад ҳайф, ки дар айни ҷавонӣ зи ҷаҳон рафт. Дар даҳр баҳор асту ҳазон аст, валекин Афсӯс тавон хӯрд бар он гул, ки ҷавон рафт. Аз маҳфили аҳбоб дар ин мотами ҷонсӯз То абри сияҳ дудсифат оҳу фиғон рафт. Лекин насазад нола, ки аз гулшани шӯро Сад гул расад он рӯз, ки як гул ба хазон рафт. Сад пайрави комил ивази ин бирасонем, Як Пайрави наврастаи мо гар зи миён рафт.