Шеърҳо бо теги: табиат
Шеърҳои марбут ба теги «табиат» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ба саҳро бингарам, саҳро та винам,
Ба саҳро бингарам, саҳро та винам, Ба дарё бингарам, дарё та винам. Ба ҳар ҷо бингарам кӯҳу дарду дашт, Нишон аз қомати раъно та винам.
Ҳаромам бе та бу ололаву гул,
Ҳаромам бе та бу ололаву гул, Ҳаромам бе та бу овози булбул. Ҳаромам бӣ, агар бе та нишинам, Кашам дар пои гулбун соғари мул.
Зи бӯи зулфи ту мафтунам, эй гул,
Зи бӯи зулфи ту мафтунам, эй гул, Зи ранги рӯи ту дилхунам, эй гул. Мани ошиқ зи ишқат беқарорам, Ту чун Лайлию ман Маҷнунам, эй гул.
Дило, ғофил зи субҳонӣ, чӣ ҳосил,
Дило, ғофил зи субҳонӣ, чӣ ҳосил, Мутеъи нафси шайтонӣ, чӣ ҳосил? Бувад қадри ту афзун аз малоик, Ту қадри худ намедонӣ, чӣ ҳосил?
Дило, пӯшам зи дастат ҷомаи нил,
Дило, пӯшам зи дастат ҷомаи нил, Ниҳам доғи ғамат чун лола бар дил. Дам аз меҳрат занам ҳамчун дами субҳ, Аз ин дам то дами сури Сирофил.
Бура булбул, бинолем аз сари сӯз,
Бура булбул, бинолем аз сари сӯз, Бура, ишқи саҳар аз му биёмӯз. Ту аз баҳри гули панҷрӯза нолӣ, Му аз баҳри дилоромам шаву рӯз.
Гулаш дар зери сунбул сояпарвар,
Гулаш дар зери сунбул сояпарвар, Ниҳоли қоматаш нахлест навбар. Зи ишқи он гули рухсори сурӣ Чу булбул нолаву афғон баровар.
Маро на сар, на сомон офариданд,
Маро на сар, на сомон офариданд, Парешонам, парешон офариданд. Парешонхотирон рафтанд дар хок, Маро аз хоки эшон офариданд.
Амон аз ахтари шӯридаи му,
Амон аз ахтари шӯридаи му, Фиғон аз бахти баргардидаи му. Зи ҳиҷронат ба ҷои ашкам аз чашм Зи мижгун шӯълаҳои оташ ояд.
Насиме, к-аз буни он кокул ояд,
Насиме, к-аз буни он кокул ояд, Маро хуштар зи бӯи сунбул ояд. Чу шав гирам хаёлатро дар оғӯш, Саҳар аз бистарам бӯи гул ояд.
Намедунам, дилам девунаи кист,
Намедунам, дилам девунаи кист, Куҷо мегардаду дар хунаи кист. Намедунам, дили саргаштаи му Асири наргиси мастунаи кист.
Баҳор омад ба саҳрову дару дашт,
Баҳор омад ба саҳрову дару дашт, Ҷавонӣ ҳам баҳоре буду бигзашт. Сари қабри ҷавонон лола рӯяд, Даме, ки маҳвашон оян ба гулгашт.
Яке барзигаре нолун дар ин дашт
Яке барзигаре нолун дар ин дашт Ба чашми хунфишон олола мекишт. Ҳамекишту ҳамегуфт: Эй дареғо, Ки бояд киштану ҳиштан дар ин дашт.
Тани меҳнаткаше дирам, Худоё,
Тани меҳнаткаше дирам, Худоё, Дили ҳасраткаше дирам, Худоё. Зи шавқи маскану доди ғарибӣ Ба сина оташе дирам, Худоё.
Бибандам шолу мепӯшам қадакро,
Бибандам шолу мепӯшам қадакро, Бинозам гардиши чархи фалакро. Бигардам оби дарёҳо саросар, Бишӯям ҳар ду дасти бенамакро.
Эй он ки ба мулки хеш поянда туӣ,
Эй он ки ба мулки хеш поянда туӣ, В-аз домани шаб субҳнамоянда туӣ. Кори мани бечора қавӣ баста шудаст, Бикшой, Худоё, ки кушоянда туӣ.
Субҳоналлаҳ, ба ҳар ғаме ёр туӣ,
Субҳоналлаҳ, ба ҳар ғаме ёр туӣ, Субҳоналлаҳ, кушоиши кор туӣ. Субҳоналлаҳ, ба амри ту кунфаякун, Субҳоналлаҳ, ғафуру ғаффор туӣ.
Бардорам дил, гар аз ҷаҳон фармоӣ,
Бардорам дил, гар аз ҷаҳон фармоӣ, Фармон барам, ар суду зиён фармоӣ. Бишинам, агар бар сари оташ, гӯӣ, Бархезам, агар аз сари ҷон, фармоӣ.
Аз содагию салимию мискинӣ
Аз содагию салимию мискинӣ В-аз саркашию такаббуру худбинӣ Бар оташ агар нишониям, биншинам, Бар дида агар нишонамат, наншинӣ.
Эй аз ту ба боғ ҳар гулеро ранге,
Эй аз ту ба боғ ҳар гулеро ранге, Ҳар мурғеро зи шавқи ту оҳанге. Бо кӯҳ зи андӯҳи ту рамзе гуфтам, Бархост садои нола аз ҳар санге.
Гаҳ шонакаши турраи Лайло бошӣ,
Гаҳ шонакаши турраи Лайло бошӣ, Гаҳ дар сари Маҷнун ҳама савдо бошӣ. Гаҳ оинаи ҷамоли Юсуф гардӣ, Гаҳ оташи хирмани Зулайхо бошӣ.
Пайваста ту дил рабудаӣ, маъзурӣ,
Пайваста ту дил рабудаӣ, маъзурӣ, Ғам ҳеч наёзмудаӣ, маъзурӣ. Ман бе ту ҳазор шаб ба хун дархуфтам, Ту бе ту шабе набудаӣ, маъзурӣ.
Чун гул ба гулоб шуста рӯе дорӣ,
Чун гул ба гулоб шуста рӯе дорӣ, Чун мушк ба май ҳалшуда мӯе дорӣ. Чун арсагаҳи қиёмат аз анбуҳи халқ Пурофату меҳнат сари кӯе дорӣ.
Ҳангоми сапедадам хурӯси саҳарӣ
Ҳангоми сапедадам хурӯси саҳарӣ Донӣ, ки чаро ҳамекунад навҳагарӣ? Яъне, ки намуданд дар оинаи субҳ, К-аз умр шабе гузашту ту бехабарӣ.
Дасте на, ки аз нахли ту чинам самаре,
Дасте на, ки аз нахли ту чинам самаре, Пое на, ки аз кӯи ту ёбам гузаре. Чашме на, ки бар хеш бигирям қадаре, Рӯе на, ки бар хок бинолам саҳаре.