Шеърҳо бо теги: табиат
Шеърҳои марбут ба теги «табиат» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Хур аз хуршеди рӯыят шарм дора,
Хур аз хуршеди рӯыят шарм дора, Маҳи нав з-абруят озарм дора. Ба шаҳру кӯҳу саҳро ҳар кӣ винам, Забони дил ба васфат гарм дора.
Ду чашмамро та хунполо кунӣ, та,
Ду чашмамро та хунполо кунӣ, та, Кулоҳи ақлам аз сар во кунӣ та. Агар Лайлӣ бипурса ҳоли Маҷнун, Назар ӯро суи саҳро кунӣ та.
Диле дирам чу мурғи пошикаста,
Диле дирам чу мурғи пошикаста, Чу киштӣ бар лаби дарё нишаста. Ҳама гӯян, ки Тоҳир, тор бинвоз, Садо чун медиҳад тори гусаста?
Саҳаргоҳон фиғони булбулона,
Саҳаргоҳон фиғони булбулона, Ба ёди рӯи пурнури гулона. Зи оҳи му, фалак, охир ҳазар кун, Асар дар нолаи сӯтадилона.
Муро, эй дилбари му, бо та кора,
Муро, эй дилбари му, бо та кора, В-агарна дар ҷаҳон бисёр ёра. Куҷо парвои чун му сӯта дирӣ, Чу му булбул ба гулзорат ҳазора.
Чи дайра ин, ки дораш озарина,
Чи дайра ин, ки дораш озарина, Чи дашта ин, ки хунхорош замина. Магар буму бари мискиндилуна, Магар саҳрои ишқи нозанина?
Диле дорам, ки беҳбудаш намебу,
Диле дорам, ки беҳбудаш намебу, Насиҳат мекарам, судаш намебу. Ба бодаш медиҳам, н-аш мебарад бод, Дар оташ мениҳам, дудаш намебу.
Илоҳӣ, оташи ишқам ба ҷон зан,
Илоҳӣ, оташи ишқам ба ҷон зан, Шарар з-он шӯълаам бар устухон зан. Чу шамъам барфурӯз аз оташи ишқ, Бар он оташ дилам парвонасон зан.
Гуле киштам пайи Алванд домон,
Гуле киштам пайи Алванд домон, Аваш аз дида додам субҳу шомон. Вақти он бӣ, ки бӯяш во му оӣ, Ба раҳ бодаш бара сомон ба сомон.
Бура, эй дил, бура, ёри пушаймон,
Бура, эй дил, бура, ёри пушаймон, Макун коре, к-аз он гардӣ пушаймон. Ба ду рӯзе ба нокомӣ сар орем, Биша рӯзе, ки гул чинем ба домон.
Бура, эй рӯи та боғу баҳорам,
Бура, эй рӯи та боғу баҳорам, Хаёлат мӯниси шабҳои торам. Худо дуна, ки дар дунёи фонӣ Ба ғайр аз ишқи та коре надорам.
Ба ханҷар гар дароран дидагунам,
Ба ханҷар гар дароран дидагунам, Ба оташ гар бисӯзан устухунам, Агар бар нохунунам най бикӯбан, Нагирам дил зи ёри меҳрабунам.
Ту худ гуфтӣ, ки му маллоҳ монам,
Ту худ гуфтӣ, ки му маллоҳ монам, Ба оби дидагон киштӣ биронам. Ҳаметарсам, ки киштӣ ғарқ во бу, Дар ин дарёи бепоён бимонам.
Ҳазорон ғам ба дил андӯта дирам,
Ҳазорон ғам ба дил андӯта дирам, Ба сина оташе афрӯта дирам. Ба як оҳи саҳаргоҳ аз дили танг Ҳазорон муддаиро сӯта дирам.
Зи ишқат оташе дар бӯта дирам,
Зи ишқат оташе дар бӯта дирам, Дар ун оташ дилу хун сӯта дирам. Сагат гар по ниҳад бар чашмам, эй дӯст, Ба мижгун хоки роҳаш рӯта дирам.
Гулистон ҷои ту, эй нозанинам,
Гулистон ҷои ту, эй нозанинам, Му дар гулхан ба хокистар нишинам. Чи дар гулшан, чи дар гулхан, чи саҳро, Чу дида во карам, ҷуз ту навинам.
Фалак кай бишнавад оҳу фиғонам,
Фалак кай бишнавад оҳу фиғонам, Ба ҳар гардиш занад оташ ба ҷонам. Як умре бигзаронам бо ғаму дард, Ба коми дил нагардад осмонам.
Ба дил дарди ғамат боқӣ ҳанӯзам,
Ба дил дарди ғамат боқӣ ҳанӯзам, Касе воқиф набу аз дарди сӯзам. Набу як булбули сӯта ба гулшан, Ба сӯзи му набу кофар ба рӯзам.
Бура, як дам бинолему бисӯҷем,
Бура, як дам бинолему бисӯҷем, Аз он рӯе, ки ҳар ду тирарӯҷем. Та, булбул, ҳошалиллаҳ мисли мунӣ, Набу ҷуз дарду ғам як умр рӯҷем.
Агар чашмам бидӯзӣ, дӯта хоҳам,
Агар чашмам бидӯзӣ, дӯта хоҳам, В-агар ҷисмам бисӯҷӣ, сӯта хоҳам. Агар боғам барӣ, бар чидани гул, Гули ҳамрангу ҳамбӯи та хоҳам.
Сари кӯҳи баланд чандон нишинам,
Сари кӯҳи баланд чандон нишинам, Ки лола сар дарора, му бичинам. Чу лола бевафо бу, бевафо бу, Нигори бевафо му чун гузинам?
Му аз ҷаври бутон дил реш дирам,
Му аз ҷаври бутон дил реш дирам, Зи лола доғ бар дил беш дирам. Чу фардо номахонон нома хонанд, Му аз хиҷлат саре дар пеш дирам.
Ба ишқат, эй дареғо, награвистам,
Ба ишқат, эй дареғо, награвистам, Навиди васли ту то нашнавистам. Ба дил тухми вафоят киштам охир, Ба ҷуз андӯҳу хорӣ надравистам.
Дилам зору ҳазина, чун нанолам,
Дилам зору ҳазина, чун нанолам, Вуҷудам оташина, чун нанолам? Ба му воҷан, ки чуну чанд нолӣ, Чу маргам дар камина, чун нанолам?
Му, к-аз сӯтадилонам, чун нанолам,
Му, к-аз сӯтадилонам, чун нанолам, Му, к-аз беҳосилонам, чун нанолам? Нишаста булбулон бо гул биноланд, Му, ки дур аз гулонам, чун нанолам?