Шеърҳо бо теги: Шоҳнома
Шеърҳои марбут ба теги «Шоҳнома» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
136. ПАЁМ ФИРИСТОДАНИ РУСТАМ БА НАЗДИ ШОҲИ ҲОМОВАРОН
Яке марди бедори ҷӯяндароҳ Фиристод наздики Ковусшоҳ, Ки ман омадам бо сипоҳи гарон Сӯи разми солори Ҳомоварон.
135. ТОХТ КАРДАНИ АФРОСИЁБ БАР ЭРОНЗАМИН
Чу баста шуд он шоҳи дайҳимҷӯй, Сипоҳаш ба Эрон ниҳоданд рӯй. Зи дарё ба киштиву заврақ шуданд, В-аз ин рӯ ба саҳрову ҳомун заданд.
134. ГИРИФТАНИ ШОҲИ ҲОМОВАРОН КОВУСРО
Ғамин буд ба дил шоҳи Ҳомоварон, Зи ҳар гунае чора ҷуст андар он. Чу як ҳафта бугзашт, ҳаштум пагоҳ Фиристода омад ба наздики шоҳ,
133. БА ЗАНӢ ХОСТАНИ КОВУС СУДОБА ДУХТАРИ ШОҲИ ҲОМОВАРОНРО
В-аз он пас ба Ковус гӯянда гуфт, Ки ӯ духтаре дорад андар нуҳуфт, Ки аз сарв болош зеботар аст, Зи мушки сияҳ бар сараш афсар аст.
132. КОРИ КАЙКОВУС БА ШАҲРИ БАРБАРИСТОН ВА ДИГАР ДОСТОНҲО
Разм кардани Ковус бо Шоҳи Ҳомоварон Зи мӯбад бад-ин гуна дорем ёд, Ҳам аз гуфти он пири деҳқоннажод, К-аз он пас чунон кард Ковус рой,
131. БОЗ ОМАДАНИ КОВУС БА ЭРОНЗАМИН ВА ГУСЕЛ КАРДАН РУСТАМРО БА НИМРӮЗ
Чу Ковус дар шаҳри Эрон расид, Зи гарди сипаҳ шуд ҷаҳон нопадид. Баромад ҳаме то ба хуршед ҷӯш, Зану мард шуд пеши ӯ бо хурӯш.
130. ҶАНГИ КОВУС БО ШОҲИ МОЗАНДАРОН
Чу Рустам зи Мозандарон гашт боз, Шаҳи ҷодувон размро кард соз. Саропарда аз шаҳр берун кашид, Сипаҳро ҳама сӯи ҳомун кашид.
129. ОМАДАНИ РУСТАМ НАЗДИКИ ШОҲИ МОЗАНДАРОН БА ПАЙҒАМБАРӢ
Чу нома ба мӯҳр андаровард шоҳ, Ҷаҳонҷӯй Рустам бипаймуд роҳ. Ба зин - андар афканд гурзи гарон, Чу омад ба наздики Мозандарон,
128. НОМА НАВИШТАНИ КОВУС НАЗДИКИ ШОҲИ МОЗАНДАРОН
Яке номае бар ҳарири сапед, Бад-он - андарун чанд биму умед. Дабири хирадманд бинвишт хуб, Падид оварид андар он зишту хуб.
127. ХОНИ ҲАФТУМ КУШТАНИ РУСТАМ ДЕВИ САПЕДРО
Аз он ҷойгаҳ танг баста камар, Биёмад пур аз кинаву ҷанг сар. Або хештан бурд Авлодро, Ҳаме ронд мар Рахши чун бодро.
126. ХОНИ ШАШУМ ҶАНГИ РУСТАМ ВА АРЖАНГДЕВ
Яке миғфари хусравӣ бар сараш, Хайолуда бабри баён дар бараш. Ба Аржанг солор бинҳод рӯй, Чу омад ба лашкаргаҳи ҷангҷӯй.
125. ХОНИ ПАНҶУМ ГИРИФТОР ШУДАНИ АВЛОД БА ДАСТИ РУСТАМ
В-аз он ҷо сӯи роҳ бинҳод рӯй Чунон чун бувад мардуми роҳҷӯй. Ҳаме рафт пӯён, ба ҷое расид, Ки андар ҷаҳон равшаноӣ надид.
124. ХОНИ ЧАҲОРУМ КУШТАНИ РУСТАМ ЗАНИ ҶОДУРО
Чу аз офарин гашт пардохта, Биёвард гул Рахшро сохта. Нишаст аз бари Рахшу раҳ баргирифт, Чамон манзили ҷодувон даргирифт.
123. ХОНИ СЕВУМ ҶАНГИ РУСТАМ БО АЖДАҲО
Зи дашт андаромад яке аждаҳо, К-аз ӯ пил гуфтӣ наёбад раҳо. Бад-он ҷойгаҳ будаш оромгоҳ, Накардӣ зи бимаш бар ӯ дев роҳ.
122. ХОНИ ДУВУМ ЁФТАНИ РУСТАМ ЧАШМАИ ОБ
Яке роҳ пеш омадаш ногузир, Ҳаме рафт боист бар хира хир. Биёбони беобу гармои сахт, К-аз ӯ мурғ гаштӣ ба тан лахт-лахт.
121. ҲАФТ ХОНИ РУСТАМ ХОНИ АВВАЛ ҶАНГИ РАХШ БО ШЕРЕ
Бурун рафт он паҳлави Нимрӯз Зи пеши падар гурди гетифурӯз. Дурӯза ба як рӯз бугзоштӣ, Шаби тираро рӯз пиндоштӣ.
120. ПАЙҒОМИ КОВУС БА ЗОЛ ВА РУСТАМ
Аз он пас ҷаҳонҷӯи хастаҷигар Бурун кард гурде чу мурғе ба пар. Сӯи Зобулистон фиристод зуд, Ба наздики Дастон ба монанди дуд
119. РАФТАНИ КОВУС БА МОЗАНДАРОН
Чу Золи сипаҳбад зи паҳлӯ бирафт, Дамодам сипаҳ рӯй бинҳод тафт. Ба Тусу ба Гударз фармуд шоҳ Кашидан сипаҳ, сар ниҳодан ба роҳ.
118. ПАНД ДОДАНИ ЗОЛ КОВУСРО
Ҳаме рафт пеш - андарун Золи Зар, Паси ӯ бузургони зарринкамар. Чу Ковусро дид Дастони Сом Нишаста бар аврангу дил шодком.
117. КАЙКОВУС Подшоҳии ӯ саду панҷоҳ сол буд БАР ТАХТ НИШАСТАНИ КАЙКОВУС ВА ОҲАНГИ МОЗАНДАРОН КАРДАН
Дарахти барӯманд чун шуд баланд, Гар эдун, ки ояд ба ӯ бар газанд, Шавад барг пажмурдаву бех суст, Сараш сӯи пастӣ гирояд нахуст.
116. ОМАДАНИ КАЙҚУБОД БА ИСТАХРИ ПОРС
В-аз он ҷо сӯи Порс андаркашид, Ки дар Порс буд ганҷҳоро калид. Нишастангаҳ он гаҳ ба Истахр буд, Каёнро бад-он ҷойгаҳ фахр буд.
115. ОШТӢ ХОСТАНИ ПАШАНГ АЗ КАЙҚУБОД
Сипаҳдори Турон ду дида пуроб, Шигифте фурӯ монда з-Афросиёб, Ки чандин суханҳош ёд омадаст, Равонаш ҳаме сӯи дод омадаст.
114. ОМАДАНИ АФРОСИЁБ НАЗДИКИ ПАДАРИ ХУД
В-аз он сӯ, ки бигрехт Афросиёб, Ҳаме тозиён то бад-он рӯи об. Яке ҳафта биншаст наздики рӯд, Ба ҳаштум баророст бо хашму дуд.
113. ҶАНГИ РУСТАМ БО АФРОСИЁБ
Чу Рустам бидид, он чи Қоран бикард, Чӣ гуна бувад сози ҷангу набард, Ба пеши падар шуд, бипурсид аз ӯй, Ки бо ман, ҷаҳонпаҳлавоно, бигӯй,
112. КАЙҚУБОД Подшоҳии ӯ сад сол буд
Ба шоҳӣ нишаст аз бараш Кайқубод, Ҳамон тоҷи гавҳар ба сар барниҳод. Ҳама номдорон шуданд анҷуман Чу Дастону чун Қорани размзан.