КАЙҚУБОД Подшоҳии ӯ сад сол буд
Ба шоҳӣ нишаст аз бараш Кайқубод,
Ҳамон тоҷи гавҳар ба сар барниҳод.
Ҳама номдорон шуданд анҷуман
Чу Дастону чун Қорани размзан.
Чу Кашводу Харроду Барзини гав
Фишонданд гавҳар бар он тоҷи нав.
Аз он пас бигуфтанд, к-эй шаҳрёр,
Сӯи разми туркон баророй кор.
Қубод аз бузургон суханҳо шунид
Аз Афросиёбу сипаҳро бидид.
Дигар рӯз бардошт лашкар зи ҷой,
Хурӯшидан омад зи пардасарой.
Бипӯшид Рустам силоҳи набард,
Чу пили даманда барангехт гард.
Рада баркашиданд эрониён,
Бубастанд хунрехтанро миён.
Ба як даст Меҳроби кобулхудой,
Ба як даст Густаҳми ҷангӣ ба пой.
Ба қалб - андарун Қорани размзан,
Або гурд Кашводи лашкаршикан.
Ба пеши сипаҳ Рустами паҳлавон,
Паси пушти ӯ саркашону гавон.
Паси пушташон Зол бо Кайқубод,
Ба як даст оташ, ба як даст бод.
Ба пеш - андарун ковиёнӣ дурафш,
Ҷаҳон з-ӯ шуда зарду сурху бунафш.
Чу киштӣ шуда орамида замин,
Куҷо мавҷ хезад зи дарёи Чин.
Сипар бар сипар бофта дашту роғ,
Дурахшидани теғҳо чун чароғ.
Кунун гоҳи разм аст, кин оваред,
Ба туркони саркаш камин оваред.
Ҳар он кас, ки мардӣ кунад ошкор,
Зи мо хилъату бахшиш аз кирдгор.
Ҷаҳон сар ба сар гашта дарёи қор,
Барафрӯхта шамъ з-ӯ сад ҳазор.
Зи нолидани бӯқу бонги сипоҳ
Ту гуфтӣ, ки хуршед гум кард роҳ.