ОВАРДАНИ РУСТАМ КАЙҚУБОДРО АЗ КӮҲИ АЛБУРЗ
Ба Рустам чунин гуфт фархунда Зол,
Ки «Баргир кӯполу бифроз ёл.
Бирав тозиён то ба Албурзкӯҳ,
Гузин кун яке лашкари ҳамгурӯҳ.
Абар Кайқубод офарин кун яке,
Макун пеши ӯ - дар диранг андаке.
Ба ду ҳафта бояд, ки эдар бувӣ,
Гаҳу бегаҳ аз тохтан нағнавӣ.
Бигӯӣ, ки лашкар туро хостанд,
Ҳаме тахти шоҳӣ биёростанд,
Ки дархурди тоҷи каён ҷуз ту кас
Набинем, шоҳо, ту фарёд рас!»,
Чу Золи Зар ин достонҳо бигуфт,
Таҳамтан заминро ба мижгон бируфт.
Ба Рахш андаромад ҳамон гоҳ шод,
Гурозон биёмад бари Кайқубод.
Зи туркон басе буд талоя ба роҳ,
Расиданд дар Рустами кинахоҳ.
Баровехт бо номдорон ба ҷанг,
Яке гурзаи говпайкар ба чанг.
Баровард гурзу баромад ба ҷӯш,
Ҳамекӯфт гурзу ҳамезад хурӯш.
Рамид аз дили турк якбора ҳуш,
Ба бозу басе гашт бетову туш.
Далерони Турон баровехтанд,
Саранҷом аз разм бигрехтанд.
Ниҳоданд сар сӯи Афросиёб,
Ҳама дил пур аз хуну дида пуроб.
Бигуфтанд ӯро ҳама бешу кам,
Сипаҳбад шуд аз кори эшон дижам.
Бифармуд, то назди ӯ шуд Қулун,
Зи туркон далере, гаве пурфусун.
Бад-ӯ гуфт: «Бигзин зи лашкар савор,
В-аз эдар бирав то дари шаҳрёр.
Далеру хирадманду ҳушёр бош,
Ба пос - андарун сахт бедор бош.
Ки Эрониён мардуми римананд,
Ҳаме ногаҳон бар талоя зананд.»