ҶАНГИ РУСТАМ БО АФРОСИЁБ
Чу Рустам бидид, он чи Қоран бикард,
Чӣ гуна бувад сози ҷангу набард,
Ба пеши падар шуд, бипурсид аз ӯй,
Ки бо ман, ҷаҳонпаҳлавоно, бигӯй,
Ки пури Пашанг он бадандеша мард
Куҷо ҷой гирад ба рӯзи набард?
Чӣ пӯшад, куҷо барфарозад дурафш,
Ки пайдост тобон дурафше бунафш?
Ман имрӯз банди камаргоҳи ӯй
Бигирам, биёрам кашонаш ба рӯй.
Бад-ӯ гуфт Зол, эй писар, гӯш дор,
Як имрӯз бо хештан ҳуш дор,
Ки он турк дар ҷанг нараждаҳост,
Дамоҳанҷу дар кина абри балост.
Дурафшаш сиёҳ асту хафтон сиёҳ,
Зи оҳан-ш соид в-аз оҳан кулоҳ.
Ҳама рӯи оҳан гирифта ба зар,
Дурафши сияҳ баста бар хӯд-бар.
Аз ӯ хештанро нигаҳ дор сахт,
Ки марде далер асту бедорбахт.
Бад-ӯ гуфт Рустам, ки эй паҳлавон,
Ту аз ман мадор эч ранҷа равон.
Ҷаҳонофаринанда ёри ман аст,
Дилу теғу бозу ҳисори ман аст.
Барангехт пас Рахши рӯинасум,
Баромад хурӯшидани говгум.
Дамон рафт то пеши туронсипоҳ,
Яке наъра зад шери лашкарпаноҳ.
Чу Афросиёбаш ба ҳомун бидид,
Шигифтид аз он кӯдаки норасид.
Зи гурдон бипурсид, к-ин аждаҳо
Бад-ин гуна аз банд гашта раҳо,
Кадом аст, к-инро надонам ба ном?
Яке гуфт, к-ин пури Дастони Сом
Набинӣ, ки бо гурзи Сом омадаст,
Ҷавон асту ҷӯёи ном омадаст.
Ба пеши сипаҳ омад Афросиёб,
Чу киштӣ, ки мавҷаш барорад зи об.