ОМАДАНИ АФРОСИЁБ НАЗДИКИ ПАДАРИ ХУД
В-аз он сӯ, ки бигрехт Афросиёб,
Ҳаме тозиён то бад-он рӯи об.
Яке ҳафта биншаст наздики рӯд,
Ба ҳаштум баророст бо хашму дуд.
Ба пеши падар рафт пури Пашанг,
Забон пур зи гуфтору дил пурдиранг.
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй номбардор шоҳ,
Туро буд аз ин ҷанг ҷустан гуноҳ,
Яке он ки паймон шикастан зи шоҳ
Бузургони пешин надиданд роҳ.
На аз тухми Эраҷ замин пок шуд,
На заҳри газоянда тарёк шуд.
Яке гум шавад, дигар ояд ба ҷой,
Ҷаҳонро намонанд бе кадхудой.
Қубод омаду тоҷ бар сар ниҳод,
Ба кина яке нав дар андаркушод.
Саворе падид омад аз пушти Сом,
Ки Дастон-ш Рустам ниҳодаст ном.
Биёмад ба сони наҳанги дижам,
Ки гуфтӣ ҷаҳонро бисӯзад ба дам.
Ҳаме тохт андар фарозу нишеб,
Ҳаме зад ба гурзу ба теғу рикеб.
Зи гурзаш ҳаво шуд пур аз чок-чок,
Наярзид ҷонам ба як мушти хок.
Ҳама лашкари мо ба ҳам бардарид,
Кас андар ҷаҳон ин шигифтӣ надид.
Дурафши маро дид бар як карон,
Ба зин андарафканд гурзи гарон.
Чунон баргирифтам зи зини хаданг,
Ки гуфтӣ надорам ба як пашша санг.
Камарбанд бигсасту банди қабой
Зи чангаш фитодам ҳаме зери пой.
Бад-он зӯр ҳаргиз набошад ҳизабр
Ду пояш ба хок - андарун, сар ба абр.
Саворони ҷангӣ ҳама ҳамгурӯҳ
Кашидандам аз ҷанги он лахти кӯҳ.
Ту донӣ, ки шоҳӣ дилу чанги ман,
Далериву кирдору оҳанги ман.