ОШТӢ ХОСТАНИ ПАШАНГ АЗ КАЙҚУБОД
Сипаҳдори Турон ду дида пуроб,
Шигифте фурӯ монда з-Афросиёб,
Ки чандин суханҳош ёд омадаст,
Равонаш ҳаме сӯи дод омадаст.
Яке марди боҳушу дил баргузид,
Ба Эрон фиристод чун месазид.
Яке нома бинвишт артангвор,
Бар ӯ карда сад гуна рангу нигор.
Ба номи худованди хуршеду моҳ.
Ки ӯ дод бар офарин дастгоҳ.
В-аз ӯ бар равони Фаридун дуруд,
К-аз ӯ дорад ин тухми мо тору пуд,
Кунун бишнав, эй номвар Кайқубод,
Сухан гӯям аз рои шоҳиву дод.
Ки аз Тур бар Эраҷи некбахт
Бад омад падид аз паи тоҷу тахт.
Бар он-бар ҳаме ронд бояд сухун,
Набояд, ки пархош монад зи бун.
Гар ин кина аз Эраҷ омад падид,
Манучеҳр сар то сар он кин кашид.
Бар он ҳам, ки кард Офаридун нахуст,
Куҷо ростиро ба бахшиш биҷуст.
Сазад, гар бимонем мо ҳам бар он,
Нагардем аз оину роҳи сарон.
Зи хиргоҳ то Маваруннаҳр-дар
Ки Ҷайҳун миён асташ андар гузар.
Бару буми мо буд ҳангоми шоҳ,
Накард андар он марз Эраҷ нигоҳ.
Ҳамон бахши Эраҷ буд Эронзамин,
Ки аз Офаридун будаш офарин.
Аз он гар бигардему ҷанг оварем,
Ҷаҳон бар дили хеш танг оварем.
Бувад захми шамшеру хашми Худой,
Наёбем баҳра ба ҳарду сарой.
Дигар ҳамчунон чун Фаридуни гурд,
Ба Салму ба Туру ба Эраҷ супурд.
Бубахшем, аз он пас наҷӯем кин,
Ки чандин бало худ наярзад замин.