ОМАДАНИ КАЙҚУБОД БА ИСТАХРИ ПОРС
В-аз он ҷо сӯи Порс андаркашид,
Ки дар Порс буд ганҷҳоро калид.
Нишастангаҳ он гаҳ ба Истахр буд,
Каёнро бад-он ҷойгаҳ фахр буд.
Ҷаҳоне ниҳоданд рух сӯи ӯй,
Ки ӯ буд солори дайҳимҷӯй.
Ба тахти каён андаровард пой
Ба доду ба оини фархунда рой.
Чунин гуфт бо номвар меҳтарон,
Ки гетӣ маро аз карон то карон.
Агар пил бо пашша кин оварад,
Ҳама рахна дар доду дин оварад,
Нахоҳам ба гетӣ ҷуз аз ростӣ,
Ки хашми Худо оварад костӣ.
Таносонӣ аз доду ранҷи ман аст,
Куҷо обу хок аст, ганҷи ман аст.
Ҳама подшоҳон маро лашкаранд,
Сипоҳиву шаҳрӣ маро яксаранд.
Ҳама дар паноҳи ҷаҳондор бед,
Хирадманд беду беозор бед.
Ҳар он кас, ки дорад, хуреду диҳед,
Сипосе зи хӯрдан маро барниҳед.
В-ар он кас куҷо боз монад зи х(в)ард,
Наёбад ҳаме тӯша аз коркард,
Чарогоҳашон боргоҳи ман аст,
Ҳар он кас, ки андар паноҳи ман аст.
Сипоҳе аз он пас ба гирд оварид,
Бигардид, яксар ҷаҳонро бидид.
Чу даҳ сол баргашт гирди ҷаҳон,
Ҳама дод кард ошкору ниҳон.
Басе шаҳри хуррам бино кард Кай,
Чу сад деҳ бино кард бар гирди вай.
Сӯи Порс бинҳод он гоҳ рӯй.
Чу ҷанги замона расид андар ӯй.
Нишаст аз бари тахт бо мӯбадон,
Ситорашиносону бо бихрадон.
Саросар биёвард гурдони хеш,
Бад –эшон нигаҳ кард дил карда реш.