Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

КАЙКОВУС Подшоҳии ӯ саду панҷоҳ сол буд БАР ТАХТ НИШАСТАНИ КАЙКОВУС ВА ОҲАНГИ МОЗАНДАРОН КАРДАН

Дарахти барӯманд чун шуд баланд, Гар эдун, ки ояд ба ӯ бар газанд, Шавад барг пажмурдаву бех суст, Сараш сӯи пастӣ гирояд нахуст. Чу аз ҷойгаҳ бугсилад пои хеш, Ба шохи навоин диҳад ҷои хеш. Мар ӯро супорад гулу баргу боғ, Баҳоре ба кирдори равшан чароғ. Агар шохи бад хезад аз бехи нек, Ту бо бех тундӣ маёғоз рек. Падар чун ба фарзанд монад ҷаҳон, Кунад ошкоро бар ӯ-бар ниҳон. Гар ӯ бифканад фарру номи падар, Ту бегона хонаш, махонаш писар. Агар гум кунад роҳи омӯзгор, Сазад, к-ӯ ҷафо бинад аз рӯзгор. Чунин аст расми сарои куҳун, Сараш ҳеч пайдо набинӣ зи бун. Чу расми бадаш боз ёбад касе, Сазад, гар ба гетӣ намонад басе. Зи гуфтори фарзонадил марди пир Сухан бишнаву як ба як ёд гир. Чу бигрифт Ковус гоҳи падар, Мар ӯро ҷаҳон банда шуд сар ба сар. Зи ҳар гунае ганҷи оганда дид, Ҷаҳон сар ба сар пеши худ банда дид. Ҳам аз тавқу ҳам тахту ҳам гӯшвор, Ҳамон тоҷи заррин забарҷаднигор. Ҳамон тозиаспони огандаёл, Ба гетӣ надонист касро ҳамол. Чунон буд, ки дар гулшани зарнигор, Ҳамехӯрд рӯзе маи хушгувор. Яке тахти заррин булӯрин-ш пой, Нишаста бар ӯ-бар ҷаҳонкадхудой. Або паҳлавонони Эрон ба ҳам Ҳаме рой зад шоҳ бар бешу кам. Чунин гуфт, к-андар ҷаҳон шоҳ кист, Гузашта зи ман дархури гоҳ кист?