Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ПАНД ДОДАНИ ЗОЛ КОВУСРО

Ҳаме рафт пеш - андарун Золи Зар, Паси ӯ бузургони зарринкамар. Чу Ковусро дид Дастони Сом Нишаста бар аврангу дил шодком. Ба каш карда дасту сар афканда паст Ҳаме рафт то ҷойгоҳи нишаст. Чунин гуфт, к-эй кадхудои ҷаҳон, Сарафрозтар меҳтар андар меҳон. Чу ту тахт нашниду афсар надид, На чун бахти ту чархи гардон шунид. Ҳамасола пирӯз бодиву шод, Дилат пур зи дониш, сарат пур зи дод. Каи номбардор бинвохташ, Бари хеш бар тахт биншохташ. Бипурсидаш аз ранҷи роҳи дароз, Зи гурдону аз Рустами сарфароз. Чунин гуфт мар шоҳро Золи Зар, Анӯша бизӣ шоҳи пирӯзгар! Ҳама шоду равшан ба бахти туем, Барафрохта сар ба тахти туем. Аз он пас яке достон баркушод, Суханҳои побастаро дар кушод. Чунин гуфт, к-эй подшоҳи ҷаҳон, Сазовори тахтиву тоҷи меҳон. Шунидам яке нав сухан бас гарон, Ки шаҳ дорад оҳанги Мозандарон. Зи ту пештар подшаҳ будаанд, Мар ин роҳ ҳаргиз напаймудаанд. Ба сар -бар маро рӯз чанде гузашт, Сипеҳр аз бари хок чанде бигашт. Манучеҳр шуд з-ин ҷаҳони фарох, Аз ӯ монда эдар басе ганҷу кох. Ҳамон Зав або Нӯзари Кайқубод, Чӣ моя бузургон, ки дорем ёд, Або лашкари гашну гурзи гарон Накарданд оҳанги Мозандарон, Ки он хонаи деви афсунгар аст, Тилисм асту дар банди ҷоду-дар аст.