Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

РАФТАНИ КОВУС БА МОЗАНДАРОН

Чу Золи сипаҳбад зи паҳлӯ бирафт, Дамодам сипаҳ рӯй бинҳод тафт. Ба Тусу ба Гударз фармуд шоҳ Кашидан сипаҳ, сар ниҳодан ба роҳ. Чу шаб рӯз шуд, шоҳу кундоварон Ниҳоданд сар сӯи Мозандарон. Ба Милод биспурд Эронзамин, Калиди дари ганҷу тоҷу нигин. Бад -ӯ гуфт гар душман ояд падид, Туро теғи кина набояд кашид. Зи ҳар бад ба Золу ба Рустам паноҳ, Ки пушти сипоҳанду зебои гоҳ. Дигар рӯз бархост овои кӯс, Сипаҳро ҳаме ронд Гударзу Тус. Ҳаме рафт Ковуси лашкарфурӯз, Бизад гоҳ бар пеши кӯҳ Испирӯз. Ба ҷое, ки пинҳон шавад офтоб, Бад-он ҷойгаҳ сохт орому хоб. Куҷо ҷои девони дижхим буд, Бад-он ҷойгаҳ девро бим буд. Умедам чунон аст бар бениёз, Ки бинам шуморо ҳама шод боз. Бигустард зарбафт бар кӯҳсор, Ҳаво пур зи бӯи маи хушгувор. Ҳама паҳлавонони фархундапай Нишаста бари тахти Ковуси кай. Ҳама шаб ҳаме маҷлис оростанд, Ба шабгир, к-аз хоб бархостанд, Пароканда наздики шоҳ омаданд, Камарбаставу бокулоҳ омаданд. Бифармуд пас Гевро шаҳрёр, Дубора зи лашкар гузин кун ҳазор. Касе к-ӯ гирояд ба гурзи гарон, Кушояндаи шаҳри Мозандарон. Ҳар он кас, ки бинӣ зи пиру ҷавон, Тане кун, ки ӯро набошад равон. Дар ӯ ҳар чи обод бинӣ, бисӯз, Шаб овар ҳар он ҷо, ки бошад ба рӯз,