Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ҲАФТ ХОНИ РУСТАМ ХОНИ АВВАЛ ҶАНГИ РАХШ БО ШЕРЕ

Бурун рафт он паҳлави Нимрӯз Зи пеши падар гурди гетифурӯз. Дурӯза ба як рӯз бугзоштӣ, Шаби тираро рӯз пиндоштӣ. Бар ин сон паи Рахш бибрид роҳ Ба тобанда рӯзу шабони сиёҳ. Танаш чун хуриш ҷусту омад ба шӯр, Яке дашт пеш омадаш пур зи гӯр. Яке Рахшро тез бифшурд рон, Таги гӯр шуд бо таги ӯ гарон. Каманду паи Рахшу Рустам савор, Наёбад даду дом аз ӯ зинҳор. Каманди каёнӣ бияндохт шер, Ба ҳам андаровард гӯре далер. Зи пайкони тир оташе барфурӯхт, Бар ӯ хору хошоку ҳезум бисӯхт. Аз он пас, ки бе тӯшу бе ҷон-ш кард, Бар он оташи тез бирён-ш кард, Бихӯрду бияндохт дур устухон, Ҳамин буд дегу ҳамин буд хон. Лагом аз сари Рахш бардошт хор, Чаро дид, бугзошт дар марғзор. Яке найситон бистари хоб сохт, Дари бимро ҷои эмин шинохт. Дар он найситон бешаи шер буд, Ки пиле наёраст аз он най дуруд. Чу як пос бугзашт, даррандашер Ба пеши куноми худ омад далер. Ба най-бар яке пилтан хуфта дид, Бари ӯ яке аспи ошуфта дид. Нахуст аспро гуфт бояд шикаст, Чу хоҳам, худ ояд саворам ба даст. Сӯи Рахши рахшон биёмад дамон, Чу оташ биҷӯшид Рахш он замон. Ду даст андароварду зад бар сараш, Ҳамон тездандон ба пушт-андараш. Ҳаме зад-ш бар хок, то пора кард, Дадеро бад-он чора бечора кард.