ХОНИ ДУВУМ ЁФТАНИ РУСТАМ ЧАШМАИ ОБ
Яке роҳ пеш омадаш ногузир,
Ҳаме рафт боист бар хира хир.
Биёбони беобу гармои сахт,
К-аз ӯ мурғ гаштӣ ба тан лахт-лахт.
Чунон гарм гардид ҳомуну дашт,
Ту гуфтӣ, ки оташ бар ӯ баргузашт
Тани Рахшу гӯё забони савор
Зи гармиву аз ташнагӣ шуд зи кор.
Пиёда шуд аз аспу жӯпин ба даст
Ҳаме рафт пӯён ба кирдори маст.
Намедид бар чора ҷустан раҳе,
Сӯи осмон кард рӯй он гаҳе.
Чунин гуфт, к-эй довари додгар,
Ҳама ранҷу сахтӣ ту орӣ ба сар.
Гар эдун, ки хушнудӣ аз ранҷи ман,
Бад-ин гетӣ оганда шуд ганҷи ман.
Бипӯям ҳаме, то магар кирдгор
Диҳад шоҳ Ковусро зинҳор.
Ҳам эрониёнро зи чанголи дев
Раҳонад беозор кайҳонхидев.
Гунаҳкору афкандагони туанд,
Парастандаву бандагони туанд.
Тани пилвораш чу ин гуфта шуд,
Шуд аз ташнагӣ сусту ошуфта шуд.
Бияфтод Рустам бад-он гармхок,
Забон гашта аз ташнагӣ чок-чок.
Ҳамон гаҳ яке меши некӯсурин
Бипаймуд пеши Таҳамтан замин.
Аз он рафтани меш андеша хост,
Ба дил гуфт, обишхур ин ҷо куҷост?
Ҳамоно, ки бахшоиши кирдгор
Фароз омадаст андар ин рӯзгор.
Бияфшурд шамшер бар дасти рост,
Ба зӯри ҷаҳондор бар пой хост.
Бишуд дар паи мешу теғаш ба чанг,
Гирифта ба дасти дигар полҳанг.
Ба раҳ-бар яке чашма омад падид,
Ки меши сарафроз он ҷо расид.