ХОНИ СЕВУМ ҶАНГИ РУСТАМ БО АЖДАҲО
Зи дашт андаромад яке аждаҳо,
К-аз ӯ пил гуфтӣ наёбад раҳо.
Бад-он ҷойгаҳ будаш оромгоҳ,
Накардӣ зи бимаш бар ӯ дев роҳ.
Биёмад, ҷаҳонҷӯйро хуфта дид,
Бари ӯ яке аспи ошуфта дид.
Пурандеша шуд, то чӣ омад падид,
Кӣ ёрад бад-ин ҷойгаҳ орамид?
Наёраст кардан кас он ҷо гузар
Зи девону пилону шерони нар.
Ҳамин низ, к-омад, наёбад раҳо
Зи чанги бадандеш нараждаҳо.
Сӯи Рахши рахшанда бинҳод рӯй,
Давон Рахш шуд назди дайҳимҷӯй.
Ҳаме кӯфт бар хок рӯинасум,
Чу тундар хурӯшиду афшонд дум.
Таҳамтан чу аз хоб бедор шуд,
Сари пурхирад пур зи пайкор шуд.
Ба гирди биёбон ҳаме бингарид,
Шуд он аждаҳои дижам нопадид.
Або Рахш бар хира пайкор кард,
Бад-он, к-ӯ сари хуфта бедор кард.
Дигарбора чун шуд ба хоб-андарун,
Зи торикӣ он аждаҳо шуд бурун.
Ба болини Рустам таг овард Рахш,
Ҳаме канд хоку ҳаме кард пахш.
Дигарбора бедор шуд хуфтамард,
Барошуфту рухсора гулранг кард.
Биёбон ҳама сар ба сар бингарид,
Ҷуз аз тирагӣ шаб ба дида надид.
Бад-он меҳрбон Рахши бедор гуфт,
Ки «Торикии шаб нахоҳӣ нуҳуфт?
Сарамро ҳаме боздорӣ зи хоб,
Ба бедории ман гирифтат шитоб?
Гар ин бор созӣ чунин растахез,
Саратро бибуррам ба шамшери тез.
Пиёда шавам сӯи Мозандарон,
Кашам хӯду шамшеру гурзи гарон.