Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ХОНИ ЧАҲОРУМ КУШТАНИ РУСТАМ ЗАНИ ҶОДУРО

Чу аз офарин гашт пардохта, Биёвард гул Рахшро сохта. Нишаст аз бари Рахшу раҳ баргирифт, Чамон манзили ҷодувон даргирифт. Ҳаме ронд пӯён ба роҳи дароз, Чу хуршеди тобон бигашт аз фароз. Дарахту гиё диду оби равон, Чунон чун бувад ҷои марди ҷавон. Чу чашми тазарвон яке чашма дид, Яке ҷоми заррин, бараш пурнабид. Яке ғурми бирёну нон аз бараш, Намакдону ричор гирд-андараш. Фуруд омад аз аспу зин баргирифт, Ба ғурму ба нон андаромад шигифт. Хури ҷодувон буд, чу Рустам расид, Аз овози ӯ дев шуд нопадид. Нишаст аз бари чашма бар гирди най, Яке ҷоми ёқут пур кард май. Або май яке нағз танбур буд, Биёбон чунон хонаи сур буд. Таҳамтан мар онро ба бар даргирифт, Бизад руду гуфторҳо баргирифт, Ки овозаи баднишон Рустам аст, Ки аз рӯзи шодиш баҳра кам аст. Ҳама ҷои ҷанг аст майдони ӯй, Биёбону кӯҳ аст бӯстони ӯй. Ҳама ҷанг бо деву нараждаҳо, Зи деву биёбон наёбад раҳо. Маю ҷому бӯё гулу марғзор, Накардаст бахшиш маро рӯзгор. Ҳамеша ба ҷанги наҳанг-андарам, Дигар бо палангон ба ҷанг-андарам. Ба гӯши зани ҷоду омад суруд, Ҳамон чомаи Рустаму захми руд. Биёрост рухро ба сони баҳор, В-агарчанд зебо набудаш нигор. Бари Рустам омад пур аз рангу бӯй, Бипурсиду биншаст наздики ӯй.