Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ХОНИ ҲАФТУМ КУШТАНИ РУСТАМ ДЕВИ САПЕДРО

Аз он ҷойгаҳ танг баста камар, Биёмад пур аз кинаву ҷанг сар. Або хештан бурд Авлодро, Ҳаме ронд мар Рахши чун бодро. Чу Рахш андаромад бад-он Ҳафткӯҳ, Бад-он наррадевон гурӯҳогурӯҳ Ба наздики он ғори бебун расид, Ба гирд-андараш лашкари дев дид, Ба Авлод гуфт: Он чи пурсидамат, Ҳама бар раҳи ростӣ дидамат. Кунун чун гаҳи рафтан омад фароз, Маро роҳ бинмову букшой роз. Бад-ӯ гуфт Авлод, чун офтоб Шавад гарм, дев андарояд ба хоб. Бар эшон ту пирӯз бошӣ ба ҷанг, Кунун як замон кард бояд диранг. Зи девон набинӣ нишаста яке, Магар ҷодувон посбон андаке. Бад-он гаҳ ту пирӯз бошӣ магар, Агар ёр бошад-т пирӯзгар. Накард эч Рустам ба рафтан шитоб, Бад-он то баромад баланд офтоб. Сару пои Авлод муҳкам бубаст, Ба хамми каманд он гаҳе барнишаст. Бароҳехт ҷангинаҳанг аз ниём, Биғуррид чун раъду баргуфт ном. Миёни сипоҳ андаромад чу гард, Саронро ба ханҷар ҳаме дур кард. Наистода кас пеши ӯ-дар ба ҷанг, Наҷустанд бо ӯ яке ному нанг. В-аз он ҷойгаҳ сӯи Деви Сапед Биёмад ба кирдори тобанда шед. Ба монанди дӯзах яке чоҳ дид, Тани ҷоду аз тирагӣ нопадид. Замоне ҳаме буд дар Ганг теғ, Набуд ҷои пайкору ҷои гуреғ. Чу мижгон бимолиду дида бишуст, Дари ғори торик чанде биҷуст.