ХОНИ ШАШУМ ҶАНГИ РУСТАМ ВА АРЖАНГДЕВ
Яке миғфари хусравӣ бар сараш,
Хайолуда бабри баён дар бараш.
Ба Аржанг солор бинҳод рӯй,
Чу омад ба лашкаргаҳи ҷангҷӯй.
Яке наъра зад дар миёни гурӯҳ,
Ки гуфтӣ бидаррид дарёву кӯҳ.
Бурун ҷаст аз он хайма Аржангдев,
Чу омад ба гӯшаш аз он сон ғирев.
Чу Рустам бидидаш, барангехт асп,
Биёмад бари ӯ чу Озаргушасп.
Сари гӯш бигрифту ёлаш далер,
Сар аз тан бикандаш ба кирдори шер.
Пур аз хун сари дев канда зи тан,
Бияндохт з-он сӯ, ки буд анҷуман.
Чу девон бидиданд кӯполи ӯй,
Бидаррид дилшон зи чанголи ӯй.
Накарданд ёд аз бару буму руст,
Падар бар писар - бар ҳаме роҳ ҷуст.
Бароҳехт шамшери кин пилтан,
Зи девон бипардохт он анҷуман.
Чу баргашт хуршеди гетифурӯз,
Биёмад дамон то ба Кӯҳиспарӯз.
Зи Авлод букшод ҳамми каманд,
Нишастанд зери дарахти баланд.
Таҳамтан зи Авлод пурсид роҳ,
Ба шаҳре куҷо буд Ковусшоҳ.
Чу бишнид аз ӯ тез, бинҳод рӯй
Пиёда давон пеши ӯ роҳҷӯй.
Чу омад ба шаҳр-андарун тоҷбахш,
Хурӯше баровард чун раъд Рахш.
Чу бишнид Ковус овози ӯй,
Бидонист анҷому оғози ӯй.
Ба эрониён гуфт пас шаҳрёр,
Ки моро сар омад бади рӯзгор.
Хурӯшидани Рахшам омад ба гӯш,
Равону дилам тоза шуд з-он хурӯш.
Ба гоҳи Қубод инчунин шиҳа кард,
Куҷо кард бо шоҳи туркон набард.