ТОХТ КАРДАНИ АФРОСИЁБ БАР ЭРОНЗАМИН
Чу баста шуд он шоҳи дайҳимҷӯй,
Сипоҳаш ба Эрон ниҳоданд рӯй.
Зи дарё ба киштиву заврақ шуданд,
В-аз ин рӯ ба саҳрову ҳомун заданд.
Чу омад ба Эронзамин лашкаркаш,
Пароканда шуд дар ҳама кишвараш,
Ки гум шуд зи полез сарви саҳӣ,
Пароканда шуд тахти шоҳаншаҳӣ.
Чу бар тахти заррин надиданд шоҳ,
Ба ҷустан гирифтанд ҳар кас кулоҳ.
Зи туркону аз дашти найзаварон
Зи ҳар сӯ биёмад сипоҳе гарон.
Гашан лашкаре сохт Афросиёб,
Баромад сар аз хӯрду орому хоб.
Аз Эрон баромад ба ҳар сӯ хурӯш,
Шуд ором гетӣ пур аз ҷангу ҷӯш.
Бишуд тунд Афросиёб аз миён,
Баровехт бо лашкари тозиён.
Ба ҷанг-андарун буд лашкар се моҳ,
Бидоданд сарҳо зи баҳри кулоҳ.
Шикаст омад аз турк бар тозиён,
Зи ҷусти фузунӣ сар омад зиён.
Сипоҳ андар Эрон пароканда шуд,
Зану марду кӯдак ҳама банда шуд.
Чунин аст расми сарои сипанҷ,
Ҳама аз паи оз бо дарду ранҷ.
Саранҷом неку бадаш бигзарад,
Шикор асту маргаш ҳаме бишкарад.
Ҳама дар гирифтанд эронсипоҳ,
Бар эрониён гашт гетӣ сиёҳ.
Ду баҳра сӯи Зобулистон шуданд,
Ба хоҳиш бари пури Дастон шуданд,
Ки моро зи бадҳо ту бошӣ паноҳ,
Чу гум шуд кунун фарри Ковусшоҳ.
Бигуфтанд ҳар кас, ки шӯрид бахт,
Ба пеш андаромад кунун кори сахт
Дареғ аст Эрон, ки вайрон шавад,
Куноми палангону шерон шавад.