ГИРИФТАНИ ШОҲИ ҲОМОВАРОН КОВУСРО
Ғамин буд ба дил шоҳи Ҳомоварон,
Зи ҳар гунае чора ҷуст андар он.
Чу як ҳафта бугзашт, ҳаштум пагоҳ
Фиристода омад ба наздики шоҳ,
Ки гар шоҳ бинад ба меҳмони ман,
Биёяд хиромон сӯи хони ман.
Шавад шаҳри Ҳомоварон арҷманд,
Чу бинанд рухсори шоҳи баланд.
Бар он гуна бо ӯ ҳаме чора ҷуст,
Ниҳониш бад буду рояш дуруст.
Магар шаҳру духтар бимонад бад-ӯй,
Набошад магар бар сараш божи ӯй.
Бидонист Судоба рои падар,
Ки бо сур пархош дорад ба сар.
Ба Ковуси кай гуфт, к-ин рой нест,
Туро худ ба меҳмони ӯ ҷой нест.
Набояд ки бо сур ҷанг оварад,
Туро бебаҳона ба ҷанг оварад.
Зи баҳри ман аст ин ҳама гуфтугӯй,
Туро з-ин наёяд ҷуз андуҳ ба рӯй.
Зи Судоба гуфтор бовар накард,
Намедошт э-эшон касеро ба мард.
Бишуд бо далерону кундоварон
Ба меҳмонии шоҳи Ҳомаварон.
Яке шаҳр буд шоҳро, Шоҳа ном,
Ҳамон аз дари суру ҷашну хиром.
Бад-он шаҳр будиш ҷои нишаст,
Ҳама шаҳр сар то сар озин бубаст.
Чу дар Шоҳа шуд шоҳи гарданфароз,
Ҳама шаҳр бурданд пешаш намоз.
Ҳаме гавҳару заъфарон рехтанд,
Ба мушку ба анбар баромехтанд.
Ба шаҳр-андар овози руду суруд
Ба ҳам баркашиданд чун тору пуд.
Чу дидаш сипаҳдори Ҳомоварон,
Пиёда шудаш пеш бо меҳтарон.
Аз айвони солор то пеши дар
Ҳама дурру ёқут бориду зар.