БОЗ ОМАДАНИ КОВУС БА ЭРОНЗАМИН ВА ГУСЕЛ КАРДАН РУСТАМРО БА НИМРӮЗ
Чу Ковус дар шаҳри Эрон расид,
Зи гарди сипаҳ шуд ҷаҳон нопадид.
Баромад ҳаме то ба хуршед ҷӯш,
Зану мард шуд пеши ӯ бо хурӯш.
Ҳама шаҳри Эрон биёростанд,
Маю руду ромишгарон хостанд.
Ҷаҳон сар ба сар нав шуд аз шоҳи нав,
Зи Эрон баромад яке моҳи нав.
Чу бар тахт биншаст пирӯзу шод,
Дари ганҷҳои куҳан баркушод.
Зи ҳар ҷой рӯзидиҳонро бихонд,
Ба девони динор додан нишонд.
Баромад хурӯш аз дари пилтан,
Бузургони лашкар шуданд анҷуман.
Ҳама шодмон назди шоҳ омаданд,
Бад-он номвар тахтгоҳ омаданд.
Таҳамтан биёмад ба сар-бар кулоҳ,
Нишаст аз бари тахт наздики шоҳ.
Ҳаме хост дастурӣ аз тоҷвар,
Ки то боз гардад сӯи Золи Зар.
Сазовори ӯ шаҳрёри замин
Яке хилъат орост боофарин.
Яке тахти пирӯзаи мешсор,
Яке хусравӣ тоҷи гавҳарнигор.
Яке даст зарбафти шаҳаншаҳӣ,
Або ёраву тавқ, бо фарраҳӣ.
Сад аз моҳрӯён ба заррин камар,
Сад аз мушкмӯёни бозебу фар.
Сад аспи гаронмоя зарринситом,
Сад астар сияҳмӯю зарринлагом.
Ҳама борашон дебаи хусравӣ
Зи румиву чиниву аз паҳлавӣ.
Бибурданд динор сад бадра низ
Зи рангу зи бӯю зи ҳар гуна чиз.
Зи ёқут ҷоме пур аз мушки ноб,
Зи пирӯза дигар яке пургулоб.
Набишта яке номае бар ҳарир,
Зи мушку маю уду анбар, абир.