ҶАНГИ КОВУС БО ШОҲИ МОЗАНДАРОН
Чу Рустам зи Мозандарон гашт боз,
Шаҳи ҷодувон размро кард соз.
Саропарда аз шаҳр берун кашид,
Сипаҳро ҳама сӯи ҳомун кашид.
Чу гарди сипоҳ аз миён бардамид,
Ҳамон ранги хуршед шуд нопадид.
На ҳомун падиду на дашту на кӯҳ,
Замин гашт аз пои пилон сутӯҳ.
Ҳаме ронд лашкар чу боди дамон,
Наҷуст эч ҳангоми рафтан замон.
Чу огоҳӣ омад ба Ковусшоҳ,
Ки танг андаромад зи девон сипоҳ.
Бифармуд, то Рустами Золи Зар
Бубандад нахустин ба он кин камар.
Ба Тусу ба Гударзи Кашводагон,
Ба Геву Ба Гургини озодагон
Бифармуд, то лашкар оростанд,
Синону сипарҳо биперостанд.
Саропардаи шаҳрёру сарон
Кашиданд бар дашти Мозандарон.
Сӯи маймана Туси Нӯзар ба пой,
Дили кӯҳ пурнолаи каррной.
Чу Гударзу Кашвод бар майсара,
Шуда кӯҳи оҳан ҳама яксара.
Сипаҳдор Ковус дар қалбгоҳ
Зи ҳар сӯ рада баркашида сипоҳ.
Ба пеши сипоҳ-андарун пилтан,
Ки дар ҷанг ҳаргиз надидӣ шикан.
Яке номдоре зи Мозандарон,
Ба гардан бароварда гурзи гарон.
Ки Ҷӯё будаш ному ҷӯянда буд,
Гирояндаи гурзу гӯянда буд.
Ба дастурии шоҳ Ҷӯё бирафт
Ба пеши сипаҳдор Ковус тафт.
Ҳаме ҷавшан андар танаш барфурӯхт,
Ҳаме таффи теғаш заминро бисӯхт.
Биёмад, бар эрониён баргузашт,
Битӯфид аз овози ӯ кӯҳу дашт.