Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ОМАДАНИ РУСТАМ НАЗДИКИ ШОҲИ МОЗАНДАРОН БА ПАЙҒАМБАРӢ

Чу нома ба мӯҳр андаровард шоҳ, Ҷаҳонҷӯй Рустам бипаймуд роҳ. Ба зин - андар афканд гурзи гарон, Чу омад ба наздики Мозандарон, Ба шоҳ огаҳӣ шуд, ки Ковуси кай Фиристодаву нома афканд пай. Фиристодае чун ҳизабри дижам, Каманде ба фитрок, бар шаст хам. Ба зер-андараш бораи гомзан, Яке жандапил аст гӯӣ ба тан. Чу бишнид солори Мозандарон, Зи лашкар гузин кард чанде сарон. Бифармудашон, то ҷабира шуданд, Ҳизабри жиёнро пазира шуданд. Биёроста лашкаре чун баҳор, Бирафтанд наздики он номдор. Чу чашми Таҳамтан бад-эшон расид, Ба раҳ-бар дарахте гашаншох дид. Гирифташ ҳамон гаҳ ду шохи дарахт, Ба тундӣ мар онро бупечид сахт. Дарахт аз буну бех барканд зуд, Ки ӯро ба тан-бар зиёне набуд. Биканду чу жӯпин ба каф баргирифт, Бимонданд лашкар ҳама дар шигифт. Бияндохт, чун назди эшон расид, Саворон басе зери шох оварид. Касе аз бузургони Мозандарон Куҷо ӯ будӣ пешрав бар сарон. Яке даст бигрифту бифшордаш, Ҳаме озмунро биёзордаш. Бихандид аз ӯ Рустами пилтан, Шуда хира з-ӯ чашми он анҷуман. Бад- он ханда- андар бияфшурд чанг, Бибурдаш раг аз дасту аз рӯй ранг. Бишуд зӯр аз он марди зӯрозмой, Зи болои асп андаромад ба пой. Яке шуд бари шоҳи Мозандарон, Бигуфт, он чи дид аз карон то карон.