Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Шунидаем, ки ушшоқи мустақимаҳвол
Шунидаем, ки ушшоқи мустақимаҳвол Ба дарди ҳаҷр бимурданд бар умеди висол. Касе ба даври фурӯмоя дил чаро бандад, Ки дам ба дам мутағаййир шавад зи ҳол ба ҳол.
Эй чашми сиёҳи ту балои дили ошиқ,
Эй чашми сиёҳи ту балои дили ошиқ, Эй зулфи парешони ту маҷмӯи халоиқ. Бо орази ту дил набарад номи раёҳин, Бо чеҳраи ту кас набарад номи шақоиқ.
Ҳар кӣ бӯе ёфт аз бустони ишқ,
Ҳар кӣ бӯе ёфт аз бустони ишқ, Ғарқа шуд дар баҳри бепоёни ишқ. Дил чӣ бошад, қатрае аз баҳри шавқ, Ҷон чӣ бошад, гавҳаре аз кони ишқ.
Ман ҳавас дорам, ки бо ӯ хуш барорам як нафас,
Ман ҳавас дорам, ки бо ӯ хуш барорам як нафас, З-ин ҳавас гар сар шавад, аз сар нахоҳад шуд ҳавас. Гар моро хуршедрӯе сар ҳамебуррад ба теғ, Ман ба меҳраш мезан
Ҳаме дорам аз лутфи ту мултамас,
Ҳаме дорам аз лутфи ту мултамас, Ки бар мо ба туркӣ натозӣ фарас. Ба озори кас мулку дунё магир, Ки дунё наарзад ба озори кас.
Ин маро бас, ки таманнои ту меварзаму бас,
Ин маро бас, ки таманнои ту меварзаму бас, Ҳама дорам, ба висоли ту намеарзаму бас. Чун сапедор агар мева надорам, эй гул, Бар ту охир на ҳама сол ҳамеларзаму б
Варои риндию мастӣ маҷӯ зи гавҳари нос,
Варои риндию мастӣ маҷӯ зи гавҳари нос, Ки ишқ дурри ятим асту ҷоми май алмос. Ҷамоли сабзаву гул бин миёни саҳни чаман, Чунон ки Хизр нишинад ба суҳбати Илёс.
Рухатро нур бахшидан маёмӯз,
Рухатро нур бахшидан маёмӯз, Лабатро бода нӯшидан маёмӯз. Чу рондӣ аз мижа бо ҳалқи ман теғ, Маро дар хок ғалтидан маёмӯз.
Марҳабо, эй нигори рӯҳафрӯз,
Марҳабо, эй нигори рӯҳафрӯз, Шукри лиллаҳ, ки дидамат имрӯз. Баркашида туро Худои ҷаҳон Бар сари сарварон сару пирӯз.
Набошам бе ту як дам зинда ҳаргиз,
Набошам бе ту як дам зинда ҳаргиз, Ба рағбат ҳеҷ кас ҷон канда ҳаргиз? Сабо то гуфт пайғоми ту бо гул, Ба ҳам н–омад лабаш аз ханда ҳаргиз.
Шаробхорааму ринду масту шоҳидбоз,
Шаробхорааму ринду масту шоҳидбоз, Ба ҷурми хеш муқиррам, май ору шоҳид боз! Чу каъбатайн ҳама майли ман сӯйи нард аст, Қимор боз! Маро гуфтаанд, зарқ мабоз!
Аз чеҳра чӣ рангест, ки омехтаӣ боз,
Аз чеҳра чӣ рангест, ки омехтаӣ боз, В–аз турра чӣ шӯрест, ки ангехтаӣ боз? То боз ба ҳам барзадаӣ наргиси хунрез, Бас хун, ки ту бо хок баромехтаӣ боз.
Эй ба хубӣ бар ҳама хубон амир,
Эй ба хубӣ бар ҳама хубон амир, Мулки дилҳоро ба ҳусни хулқ гир. Турки чашмат гар ба ғорат бурд дил, Кард зулфи ҳиндуят ҷонро асир.
Ошиқон, дар ду ҷаҳон зикри шумо бод ба хайр,
Ошиқон, дар ду ҷаҳон зикри шумо бод ба хайр, Ёр дар савмааҳо нест, алайкум биддайр. Солике нест, ки роҳе ба Худо нанмояд, Ману риндӣ, ки кунад то ба дари майкад
Чашмони ту кашида камону кушода тир,
Чашмони ту кашида камону кушода тир, Ҷонро кунанд ғорату дилро баранд асир. Тира-ст бе ту чашми ман, эй моҳ, рух кушой, Дар по фитод кори ман, эй дӯст, даст гир
Осон шавад ба сабр ҳама кор, ғам махӯр,
Осон шавад ба сабр ҳама кор, ғам махӯр, Ту ёр бош, агар набувад ёр, ғам махӯр. Дил бад макун зи рафтаву в-аз н-омада мапурс, Ҳал кардам ин дақиқаи душвор, ғам м
Оташафрӯзӣ кунӣ бар сӯхта удам дигар,
Оташафрӯзӣ кунӣ бар сӯхта удам дигар, Дар ғамат чизе ба ҷуз оташ наяфзудам дигар. Дам задам, дуде баромад, зуд барбастам даҳон, То куҷо сар барзанад ин оташин д
З-он лабу дандони чун лаълу гуҳар
З-он лабу дандони чун лаълу гуҳар Ашки чун симам равад бар рӯйи зар. Гарчи савсан теғ бар сар мекашад, Ман чу гул аз сина месозам сипар.
Ошиқонро, ки бувад бодаи аҳмар дар сар,
Ошиқонро, ки бувад бодаи аҳмар дар сар, Набувад як нафас андешаи Кавсар дар сар. Гаҳ бувад ҷом, ки бо ёр ниҳад лаб бар лаб, Гаҳ бувад шона, ки бо дӯст кунад сар
Соқӣ, сабук он ратли гаронро ба ман овар,
Соқӣ, сабук он ратли гаронро ба ман овар, Қути дилу ёқути равонро ба ман овар. Гар з-он чи ба мо менарасад бодаи софӣ, Дурде ки расад дурдкашонро, ба ман овар.
Маро як дам висоли ӯ зи умри ҷовидон хуштар,
Маро як дам висоли ӯ зи умри ҷовидон хуштар, Ғубори кӯйи ту дар чашмам аз мулки ҷаҳон хуштар. Туӣ дар авҷи ҳусну ман шуда бо хоки раҳ яксон, Замин афтода некӯта
Гар шавад бо ман зи лутф он маҳрухи айёр ёр,
Гар шавад бо ман зи лутф он маҳрухи айёр ёр, Нахли уммеди ман орад дар ҷаҳон ин бор бор. Марди ишқаш то ниҳода пой дар Мисри вуҷуд, Гашта сад ҷони азиз аз дасти
Зулфат маро ба ҳалқаи доми бало кашид,
Зулфат маро ба ҳалқаи доми бало кашид, Бахти сиёҳ бин, ки ба охир куҷо кашид! Будам мисоли қатраи шабнам қарини хок, Меҳри ту рух намуду маро бар ҳаво кашид.
Дил сӯхт дар фироқи ту, навбат ба ҷон расид,
Дил сӯхт дар фироқи ту, навбат ба ҷон расид, Мурдам зи ҳаҷр, кай ба висолат тавон расид? Бар андалеб он чи зи боди хазон расад, Рӯзи ҷудоӣ аз дами сардам ҳамон
Гул андар дидаам бе нақши рӯят хор меояд,
Гул андар дидаам бе нақши рӯят хор меояд, Зи ҳар барги гуле бар дил маро сад бор меояд. Хаёли абруят дар чашми ман пайваста мегардад, Камон аз дидаҳои ростбин т

