Аввали дафтар
Аввали дафтар ба номи Эзади доно,
Сониъи парвардгор, ҳаййи тавоно.
Акбару аъзам, Худои оламу одам
Сурати хуб офариду сирати зебо.
Аз дари бахшандагию банданавозӣ
Мурғи ҳаворо насибу моҳии дарё.
Қисмати худ мехуранд мунъиму дарвеш,
Рӯзии худ мебаранд пашшаву анқо.
Ҳоҷати мӯре ба илми ғайб бидонад,
Дар буни чоҳе, ба зери сахраи саммо.
Ҷонвар аз нутфа мекунад, шакар аз най,
Барги тар аз чӯби хушку чашма зи хоро.
Шарбати нӯш офарид аз магаси наҳл,
Нахли тановар кунад зи донаи хурмо.
Аз ҳамагон бениёзу бар ҳама мушфиқ,
Аз ҳама олам ниҳону бар ҳама пайдо.
Партави нури сародиқоти ҷалолаш,
Аз азамат моварои фикрати доно.
Худ на забон дар даҳони орифи мадҳуш
Ҳамду сано мекунад, ки мӯй бар аъзо.
Ҳар кӣ надонад сипоси неъмати имрӯз,
Ҳайф хурад бар насиби раҳмати фардо.
Бор Худоё, муҳайминию мудаббир,
В-аз ҳама айбе муқаддасию мубарро.
Мо натавонем ҳаққи ҳамди ту гуфтан
Бо ҳама каррубиёни олами боло.