Чӣ даврон омадаст
Эй мусулмонон бубинед ин чӣ даврон омадаст,
Даври бадбахтиву гумрохи ба халқон омадаст.
Илмро иззат намонда олимонро ҳурмате...
Даври танбуру рубобу ною анбон омадаст.
Олиме аз дар дарояд бо ҳазорон илму фанн,
Мардумон гӯянд ки соил аз паи нон омадаст.
Золиме аз дар дарояд бо ҳазорон ҷабру зулм,
Мардумон гӯянд, ки шоҳ аз пеши султон омадаст.
Авратон бешарм гашта кӯдакон бас беадаб,
Лофгуи ишқбозӣ кори пирон омадаст.
Саъдиё рав хок шав дар кӯи соҳибдавлатон,
Ин ҷаҳон дар чашми ман монанди зиндон омадаст!