Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Худо чу сурати абрӯи дилкушои ту баст
Худо чу сурати абрӯи дилкушои ту баст, Кушоди кори ман андар карашмаҳои ту баст. Марову сарви чаманро ба хоки роҳ нишонд, Замона то қасаби наргису қабои ту баст
Он шаби қадре, ки гӯянд аҳли хилват, имшаб аст
Он шаби қадре, ки гӯянд аҳли хилват, имшаб аст, Ё Раб, ин таъсири давлат дар кадомин кавкаб аст? То ба гесӯи ту дасти носазоён кам расад, Ҳар диле аз ҳалқае дар
Зулфат ҳазор дил ба яке тори мӯ бибаст
Зулфат ҳазор дил ба яке тори мӯ бибаст, Роҳи ҳазор чорагар аз чор сӯ бибаст. То ошиқон ба бӯйи насимаш диҳанд ҷон, Бикшуд нофаеву дари орзу бибаст.
Моро зи хаёли ту чӣ парвои шароб аст?
Моро зи хаёли ту чӣ парвои шароб аст? Хум, гӯ, сари худ гир, ки хумхона хароб аст. Гар хамри биҳишт аст, бирезед, ки бе дӯст Ҳар шарбати азбам, ки диҳӣ, айни аз
Ба ҷони хоҷаву ҳаққи қадиму аҳди дуруст
Ба ҷони хоҷаву ҳаққи қадиму аҳди дуруст, Ки мӯниси дами субҳам дуои давлати туст. Сиришки ман, ки зи тӯфони Нӯҳ даст бибурд, Зи лавҳи сина наёрист нақши меҳри т
Дар дайри муғон омад ёрам қадаҳе дар даст
Дар дайри муғон омад ёрам қадаҳе дар даст, Маст аз маю майхорон аз наргиси масташ маст. Дар наъли саманди ӯ шакли маҳи нав пайдо В-аз қадди баланди ӯ болои сана
Зулфошуфтаву хайкардаву хандолабу маст
Зулфошуфтаву хайкардаву хандолабу маст, Пираҳанчоку ғазалхону суроҳӣ дар даст, Наргисаш арбадаҷӯю лабаш афсӯскунон, Ними шаб дӯш ба болини ман омад, бинишаст.
Шукуфта шуд гули ҳамрову гашт булбул маст
Шукуфта шуд гули ҳамрову гашт булбул маст Салои сархушӣ, эй сӯфиёни бодапараст! Асоси тавба, ки дар муҳкамӣ чу санг намуд, Бибин, ки ҷоми зуҷоҷӣ чӣ турфааш биши
Маталаб тоату паймону салоҳ аз мани маст
Маталаб тоату паймону салоҳ аз мани маст, Ки ба паймонакашӣ шуҳра шудам рӯзи аласт. Ман ҳамон дам, ки вузӯ сохтам аз чашмаи ишқ, Чор такбир задам яксара бар ҳар
Хаёли рӯйи ту дар ҳар тариқ ҳамраҳи мост
Хаёли рӯйи ту дар ҳар тариқ ҳамраҳи мост, Насими мӯйи ту пайванди ҷони огаҳи мост. Ба рағми муддаиёне, ки манъи ишқ кунанд, Ҷамоли чеҳраи ту ҳуҷҷати муваҷҷаҳи м
Чу бишнавӣ сухани аҳли дил, магӯ, ки хатост
Чу бишнавӣ сухани аҳли дил, магӯ, ки хатост, Суханшинос найӣ, ҷони ман, хато ин ҷост! Сарам ба дунйию уқбӣ фурӯ намеояд, Таборакаллаҳ аз ин фитнаҳо, ки дар сари
Дилу динам шуду дилбар ба маломат бархост
Дилу динам шуду дилбар ба маломат бархост, Гуфт: – Бо мо манишин, к-аз ту саломат бархост. Кӣ шунидӣ, ки дар ин базм даме хуш бинишаст, Ки на дар охири суҳбат б
Рӯза як сӯ шуду ид омаду дилҳо бархост
Рӯза як сӯ шуду ид омаду дилҳо бархост, Май зи хумхона ба ҷӯш омаду мебояд хост. Тавбаи зуҳдфурӯшони гаронҷон бигузашт, Вақти риндию тараб кардани риндон пайдос
Эй насими саҳар, оромгаҳи ёр куҷост?
Эй насими саҳар, оромгаҳи ёр куҷост? Манзили он маҳи ошиқкуши айёр куҷост? Шаби тор асту раҳи водии Айман дар пеш, Оташи Тур куҷо, мавъиди дидор куҷост?
Соқиё, омадани ид муборак бодат
Соқиё, омадани ид муборак бодат В-он мавоид, ки кардӣ, маравод аз ёдат! Дар шигифтам, ки дар ин муддати айёми фироқ Баргирифтӣ зи ҳарифон дилу дил медодат.
Сина аз оташи дил дар ғами ҷонона бисӯхт
Сина аз оташи дил дар ғами ҷонона бисӯхт, Оташе буд дар ин хона, ки кошона бисӯхт. Танам аз воситаи дурии дилбар бигудохт, Ҷонам аз оташи меҳри рухи ҷонона бисӯ
Хаме, ки абруи шӯхи ту дар камон андохт
Хаме, ки абруи шӯхи ту дар камон андохт, Ба қасди ҷони мани зори нотавон андохт. Набуд ранги ду олам, ки нақши улфат буд, Замона тарҳи муҳаббат на ин замон андо
Эй шоҳиди кудсӣ, кӣ кашад банди ниқобат?
Эй шоҳиди кудсӣ, кӣ кашад банди ниқобат? В-эй мурғи биҳиштӣ, ки диҳад донаву обат? Хобам бишуд аз дида дар ин фикри ҷигарсӯз, К-оғӯши кӣ шуд манзили осоишу хоба
Гуфтам: – Эй султони хубон, раҳм кун бар ин ғариб
Гуфтам: – Эй султони хубон, раҳм кун бар ин ғариб. Гуфт: – Дар дунболи дил раҳ гум кунад мискин ғариб. Гуфтамаш: –Магзар замоне. Гуфт: – Маъзурам бидор, Хонапар
Медамад субҳу килла баста саҳоб,
Медамад субҳу килла баста саҳоб, Ассабӯҳ, ассабӯҳ, ё асҳоб! Мечакад жола бар рухи лола, Алмудом, алмудом, ё аҳбоб!
Эй фурӯғи моҳи ҳусн аз рӯйи рахшони шумо!
Эй фурӯғи моҳи ҳусн аз рӯйи рахшони шумо! Обрӯи хубӣ аз чоҳи занахдони шумо! Азми дидори ту дорад ҷони барлабомада, Бозгардад ё барояд, чист фармони шумо?
Соқӣ, ба нури бода барафрӯз ҷоми мо
Соқӣ, ба нури бода барафрӯз ҷоми мо, Мутриб, бигӯ, ки кори ҷаҳон шуд ба коми мо. Мо дар пиёла акси рухи ёр дидаем, Эй бехабар зи лаззати шурби мудоми мо.
Ёро, биҳишт суҳбати ёрони ҳамдам аст
Ёро, биҳишт суҳбати ёрони ҳамдам аст, Дидори ёри номутаносиб ҷаҳаннам аст. Ҳар дам, ки дар ҳузури азизе бароварӣ, Дарёб, к-аз ҳаёти ҷаҳон ҳосил он дам аст.
Корам чу зулфи ёр парешону дарҳам аст
Корам чу зулфи ёр парешону дарҳам аст, Пуштам ба сони абруи дилдор пурхам аст. Ғам шарбате зи хуни дилам нӯш карду гуфт: Ин шодии касе, ки дар ин давр хуррам ас
Шароб аз дасти хубон Салсабил аст
Шароб аз дасти хубон Салсабил аст, В-агар худ хуни майхорон, сабил аст. Намедонам, рутабро чошнӣ чист, Ҳамебинам, ки хурмо бар нахил аст.

