Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2751

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1841

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1562

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1464

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1282

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1115

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1095

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 907

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 878

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 852

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 835

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Забон гумкарда

👁 829

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 794

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 777

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 734

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Найнома

👁 722

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан

👁 706

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 705

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 698

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 693

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 692

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 684

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 658

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хандаи лола

👁 648

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ватан

👁 619

Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Ҳамаи шеърҳо

Эзид чу гили вуҷуди мо меорост

👁 50

Эзид чу гили вуҷуди мо меорост, Донист зи феъли мо чӣ бархоҳад хост. Бе ҳукми Ӯ нест ҳар гуноҳе, ки марост, Пас сӯхтани рӯзи қиёмат зи куҷост?

Умари Хайём
Умари Хайём

Эй дил, чу насиби ту ҳама хун шудан аст

👁 47

Эй дил, чу насиби ту ҳама хун шудан аст, Аҳволи ту ҳар лаҳза дигаргун шудан аст. В-эй ҷон, ту ба тан баҳри чи кор омадаӣ? Чун оқибати кори ту берун шудан аст

Умари Хайём
Умари Хайём

Андар ҳама дашти Ховарон санге нест

👁 34

Андар ҳама дашти Ховарон санге нест, К-аш бо ману рӯзгори ман ҷанге нест. Дар ҳеч замину ҳеч фарсанге нест, К-аз дасти ғамат нишаста дилтанге нест.

Умари Хайём
Умари Хайём

Эй бехабар, ин шакли муҷассам, ҳеҷ аст

👁 33

Эй бехабар, ин шакли муҷассам, ҳеҷ аст, В-ин торуми нуҳ, сипеҳри акрам, ҳеҷ аст. Хуш бош, к-аз ин нишемани кану фасод, Вобастаи як дамем, он ҳам ҳеҷ аст.

Умари Хайём
Умари Хайём

Имрӯз, ки мавсими ҷавонии ман аст

👁 40

Имрӯз, ки мавсими ҷавонии ман аст, Май хоҳам, аз он ки шодмонии ман аст. Айбам макунед, гарчи талх аст, хуш аст, Талх аст, аз он ки зиндагонии ман аст.

Умари Хайём
Умари Хайём

Алминнатуллилаҳ, ки маҳи рӯза бирафт

👁 28

Алминнатуллилаҳ, ки маҳи рӯза бирафт, Ҷуулбақару азоби сирӯза бирафт, Қандил шикасту оби ибриқ бирехт, Ҷуз оби рухи пиёлаву кӯза, бирафт.

Умари Хайём
Умари Хайём

Акнун, ки чаҳонро ба хушӣ дастрасест

👁 33

Акнун, ки чаҳонро ба хушӣ дастрасест, Ҳар зиндадилеро сӯи саҳро ҳавасест. Бар ҳар шохе тулӯи мӯсодастест, Дар ҳар қафасе хурӯши исонафасест.

Умари Хайём
Умари Хайём

Асрори ҷаҳон, чунон ки дар дафтари мост

👁 64

Асрори ҷаҳон, чунон ки дар дафтари мост, Гуфтан натавон, ки он вуболи сари мост. Чун нест дар ин мардуми нодон аҳлӣ, Натвон гуфтан чунон ки дар хотири мост.

Умари Хайём
Умари Хайём

Он моҳ, ки гуфтӣ малаки раҳмон аст

👁 41

Он моҳ, ки гуфтӣ малаки раҳмон аст, Акнун ту агар нигаҳ кунӣ, шайтон аст. Руе, ки чу оташ ба зимистон хуш буд. Имруз чу пустин ба тобистон аст.

Умари Хайём
Умари Хайём

Он кист, ки дил ниҳоду фориғ биншаст?

👁 28

Он кист, ки дил ниҳоду фориғ биншаст? Пиндошт, ки муҳлатеву таъхире ҳаст? Гӯ: хайма мазан, ки мех мебояд канд, Гӯ: рахт манеҳ, ки бор мебояд баст.

Умари Хайём
Умари Хайём

Он кас, ки зи ҷому бода бархурдор аст

👁 45

Он кас, ки зи ҷому бода бархурдор аст, Пайваста хурад, валеки ӯ ҳушёр аст. Дар бисёраш мазаррати андак нест, Дар андаки ӯ манфиати бисёр аст.

Умари Хайём
Умари Хайём

Имрӯз туро дастраси фардо нест

👁 48

Имрӯз туро дастраси фардо нест, Андешаи фардо-т ба ҷуз савдо нест. Зоеъ макун ин дам, ар дилат шайдо нест, К-ин боқии умрро бақо пайдо нест.

Умари Хайём
Умари Хайём

Эй омада дар олами руҳонӣ тафт

👁 40

Эй омада дар олами руҳонӣ тафт, Ҳайрон шуда дар чаҳору панҷу шашу ҳафт. Май хур, чу надонӣ аз куҷо омадӣ, Хуш бош, надонӣ ба куҷо хоҳи рафт.

Умари Хайём
Умари Хайём

Эй чарх, ҳама харобӣ аз кинаи туст

👁 60

Эй чарх, ҳама харобӣ аз кинаи туст, Бедодгарӣ пешаи деринаи туст. В-эй хок, агар синаи ту бишкофтанд, Бас гавҳари пурбаҳо, ки дар гавҳари туст.

Умари Хайём
Умари Хайём

Ҳар қадар рост бигӯӣ, ба хато мепечӣ

👁 139

Ҳар қадар рост бигӯӣ, ба хато мепечӣ, Равӣ ҳар қадр ба боло, ба бало мепечӣ. Дар ҷавонӣ ба қади сарви тару тозаи ёр, Фасли пирӣ ба қади хушки асо мепечӣ.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Эй дил, чу замона мекунад ғамнокат

👁 44

Эй дил, чу замона мекунад ғамнокат, Ногаҳ биравад зи тан равони покат. Бар сабза нишин ба коми дил рӯзе чанд, З-он пеш, ки сабза бардамад аз хокат.

Умари Хайём
Умари Хайём

Он кас, ки ба хубон лаби хандон додаст

👁 61

Он кас, ки ба хубон лаби хандон додаст, Хуни ҷигаре ба дардмайдон додаст. Гар қисмати мо надод шодӣ, ғам нест, Шодем, ки ғам ҳазорчандон додаст.

Умари Хайём
Умари Хайём

Он қаср, ки Баҳром дар у ҷом гирифт

👁 50

Он қаср, ки Баҳром дар у ҷом гирифт, Оҳу бача карду рубаҳ ором гирифт. Баҳром, ки гур мегирифти ҳама умр, Дидӣ, ки чӣ гуна гур Баҳром гирифт.

Умари Хайём
Умари Хайём

Ободии майхона зи май хурдани мост

👁 61

Ободии майхона зи май хурдани мост, Хуни ду ҳазор тавба бар гардани мост. Гар ман накунам гуноҳ, раҳмат чӣ кунад? Ороиши раҳмат аз гунаҳ кардани мост.

Умари Хайём
Умари Хайём

Он беҳ, ки дар ин замона кам гирӣ дӯст

👁 97

Он беҳ, ки дар ин замона кам гирӣ дӯст, Бо аҳли замона суҳбат аз дур накӯст. Он кас, ки ба ҷумлагӣ туро такя бар ӯст, Чун чашми хирад боз кунӣ, душманат ӯст.

Умари Хайём
Умари Хайём

Гар май нахурӣ, таъна мазан мастонро

👁 113

Гар май нахурӣ, таъна мазан мастонро, Бунёд макун ту ҳилаву достонро. Ту ғарра аз онӣ, ки нануши ман ноб, Сад кор кунӣ, ки май ғуломаст онро.

Умари Хайём
Умари Хайём

Қуръон, ки меҳин калом хонанд ӯро

👁 26

Қуръон, ки меҳин калом хонанд ӯро, Гаҳ-гоҳ, на бардавом хонанд ӯро. Бар гирди пиёла ояте равшан ҳаст, К-андар ҳама ҷо мудом хонанд ӯро.

Умари Хайём
Умари Хайём

Оқил ба чӣ уммед дар ин кӯҳнасаро

👁 26

Оқил ба чӣ уммед дар ин кӯҳнасаро, Бар давлати Ӯ ниҳад дил аз баҳри Худо? Ҳар гоҳ ки хоҳад, ки нишинад бар ҷоӣ, Гирад аҷалаш даст, ки бархез ба по.

Умари Хайём
Умари Хайём

Ошиқ хама сола масту шайдо бодо

👁 47

Ошиқ хама сола масту шайдо бодо, Девонаву шӯридаву расво бодо. Дар хушёрӣ ғуссаи ҳар чиз хӯрем, Чун маст шудем, ҳар чи бодо, бодо!

Умари Хайём
Умари Хайём

Чун уҳда намекунад касе фардоро

👁 31

Чун уҳда намекунад касе фардоро, Холӣ хуш кун ту ин дили шайдоро. Май нӯш ба нури моҳ, эй ёр, ки моҳ Бисёр барояд наёбад моро.

Умари Хайём
Умари Хайём
Саҳифаи 406 аз 1003