Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Потеря моя
Мои очи глядят, вокруг темнота В душе моей есть еще пустота. Три ночи, три дня не сомкнула глаза Пока не нашлась потеря моя.
Эй вой бар он дил, ки дар ӯ сӯзе нест
Эй вой бар он дил, ки дар ӯ сӯзе нест, Савдозадаи меҳри дилафрӯзе нест. Рӯзе, ки ту бе ишқ ба сар хоҳӣ бурд, Зоеътар аз он рӯз туро рӯзе нест.
Ҳар косаи май, ки бар кафи махмурест
Ҳар косаи май, ки бар кафи махмурест, Рухсораи мастеву лаби мастурест. Ҳар кӯза, ки обхурдаи муздурест, Аз дидаи шоҳеву дили дастурест.
Ин баҳри вуҷуд омаду берун зи нуҳуфт
Ин баҳри вуҷуд омаду берун зи нуҳуфт, Кас нест, ки ин гавҳари таҳқиқ бисуфт. Ҳар кас сухане аз сари савдо гуфтанд, З-он рӯй, ки ҳаст, кас намедонад гуфт.
Ногоҳ бувад аз ин ҷаҳонат бибаранд
Ногоҳ бувад аз ин ҷаҳонат бибаранд, Аз ҳалқаи ҷамъи дӯстонат бибаранд. Ғофил манишин замон замонат бибаранд, Гар ту наравӣ кашон кашонат бибаранд.
Ин мазраи умр аз нишот омада пок
Ин мазраи умр аз нишот омада пок, Деҳқони аҷал накошта ҷуз тухми ҳалок. Чун донаи гандум ҳама бо сад дили чок, Аз хок баромаданду рафтанд ба хок.
Чандин ғами беҳуда махӯр, шод бизӣ
Чандин ғами беҳуда махӯр, шод бизӣ, В-андар раҳи бедод ту бо дод бизӣ. Чун охири кори ин чаҳон нестӣ аст, Ангор, ки нестиву озод бизӣ.
Чун огаҳӣ, эй дӯст, зи ҳар асроре
Чун огаҳӣ, эй дӯст, зи ҳар асроре, Чандин чӣ хури ба беҳуда теморе? Чун менаварад ба ихтиёрат коре, Хуш бош дар ин нафас, ки ҳасти боре.
Донӣ, ки сапедадам хурӯси саҳарӣ
Донӣ, ки сапедадам хурӯси саҳарӣ, Ҳар лаҳза чаро ҳамекунад навҳагарӣ? Яъне, ки намуданд дар оинаи субҳ, К-аз умр шабе гузашту ту бехабарӣ.
З-он кӯзаи май, ки нест дар вай зараре
З-он кӯзаи май, ки нест дар вай зараре, Пур кун қадаҳе, бихур, ба ман деҳ дигаре. З-он пештар, эй санам, ки дар раҳгузаре, Хоки ману ту кӯза кунад кӯзагаре.
Ҳоли дили хастаи гадо медонӣ
Ҳоли дили хастаи гадо медонӣ, В-ин дарди дили маро даво медонӣ. Бо ту чӣ кунам қиссаи дарди дили хеш? Ногуфта чу дарди дили мо медонӣ.
Пок аз одам омадему нопок шудем
Пок аз одам омадему нопок шудем, Шодон ба дар омадему ғамнок шудем. Будем зи оби дида дар оташи дил, Додем ба бод умру дар хок шудем.
Бо нафс ҳамеша дар набардам, чӣ кунам?
Бо нафс ҳамеша дар набардам, чӣ кунам? В-аз кардаи хештан ба дардам, чӣ кунам? Гирам, ки зи ман даргузаронӣ ба карам, З-ин шарм, ки дидӣ, ки чӣ кардам, чӣ ку
Ин чархи фалак, ки дар ӯ ҳайронем
Ин чархи фалак, ки дар ӯ ҳайронем, Фонуси хаёл аз ӯ мисоле донем. Хуршед чароғдону олам фонус, Мо чун суварем, к-андар ӯ гардонем.
Одамиро шод кардан он қадар душвор нест
Одамиро шод кардан он қадар душвор нест, Ғайри як ҳарфи накӯ чизи дигар даркор нест. Ранҷ додан бар дили кас, саҳлу осон аст, бидон, Як нигоҳи каҷ кифоя, ҳоҷат
Эй чарх, зи гардиши ту хурсанд наям
Эй чарх, зи гардиши ту хурсанд наям, Озодам кун, ки лоиқи банд наям. Гар майли ту бо бехираду ноаҳл аст, Ман низ чунон аҳлу хирадманд наям.
Аз бода шавад такаббур аз сарҳо кам
Аз бода шавад такаббур аз сарҳо кам, В-аз бода шавад кушода банди маҳкам. Иблис агар зи бода хурди ҷоме, Карди ду ҳазор сачда пеши Одам.
Хайём, агар зи бода масти, хуш бош
Хайём, агар зи бода масти, хуш бош, Гар бо санаме даме нишасти, хуш бош. Поени ҳама чизи чаҳон нести аст, Пиндор, ки нести, чу ҳасти, хуш бош.
Эй дил маталаб зи дигарон марҳами хеш
Эй дил маталаб зи дигарон марҳами хеш, Худ бош ба ҳар дарди диле маҳрами хеш. Танҳо бинишину хештан хур ғами хеш, В-ар ҳамдамат орзу кунад ҳам дами хеш.
Бисёр бигаштем ба гирди дару дашт
Бисёр бигаштем ба гирди дару дашт, Аз гаштани мо кори чаҳон нек нагашт. Хурсандам аз он, умри ман бо ҳама ранч, Гар хуш нагузашт, боз хуш-хуш бигузашт.
Бартар зи сипеҳр хотирам рӯзи нахуст
Бартар зи сипеҳр хотирам рӯзи нахуст Лавҳу қаламу биҳишту дузах меҷӯст, Пас гуфт маро муаллим аз рузи нахуст «Лавҳу қаламу биҳишту дузах бо туст»
Ин мазрааи гул, ки куништи ману туст
Ин мазрааи гул, ки куништи ману туст, Рузе ду-се дузаху биҳишти ману туст. Он кӯза, ки имрӯз бад он хурди об, Якчанди дигар қолаби хишти ману туст.
Эй марди хирад, ҳадиси фардо ҳавас аст
Эй марди хирад, ҳадиси фардо ҳавас аст, Дар даҳр задан лофи суханҳо ҳавас аст, Имрӯз чунин ҳар, ки хирадманд кас аст, Донад, ки ҳама ҷаҳон ҳамин як нафас аст
Эй май, лаби лаъли ёр медор ба даст
Эй май, лаби лаъли ёр медор ба даст, З-он рӯй, ки шигарф дорӣ ин кор ба даст. З-он шуд зи лаби ёр қадаҳ бархурдор, К-овард ба хуни дил лаби ёр ба даст.
Эй он, ки натиҷаи чаҳору ҳафтӣ
Эй он, ки натиҷаи чаҳору ҳафтӣ, Дар ҳафту чаҳор доим андар тафтӣ. Май хӯр, ки ҳазор бор бешат гуфтам, «Бозомаданат нест, чу рафтӣ, рафтӣ».

