Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2742

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1832

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1548

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1453

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1276

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1107

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1090

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 901

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 869

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 847

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 823

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Забон гумкарда

👁 814

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 787

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 759

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 733

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Найнома

👁 714

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 702

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан

👁 687

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 686

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 685

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 683

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 680

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 654

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хандаи лола

👁 639

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ватан

👁 599

Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Ҳамаи шеърҳо

Шӯрбахтон ба орзу хоҳанд

👁 22

Шӯрбахтон ба орзу хоҳанд Муқбилонро заволи неъмату ҷоҳ. Гар набинад ба рӯз шаппара чашм, Чашмаи офтобро чӣ гуноҳ?

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Тавонам он, ки наёзорам андаруни касе

👁 28

Тавонам он, ки наёзорам андаруни касе, Ҳасудро чӣ кунам, к-ӯ зи худ ба ранҷ-дар аст! Бимир, то бираҳӣ, эй ҳасуд, к-ин ранҷест, Ки аз машаққати он ҷуз ба марг на

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Замини шӯра сунбул барнаёрад

👁 35

Замини шӯра сунбул барнаёрад, Дар ӯ тухму амал зоеъ магардон! Накуӣ бо бадон кардан чунон аст, Ки бад кардан ба ҷойи некмардон.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Шамшери нек аз оҳани бад чун кунад касе?!

👁 25

Шамшери нек аз оҳани бад чун кунад касе?! Нокас ба тарбият нашавад, эй ҳаким, кас! Борон, ки дар латофати табъаш хилоф нест, Дар боғ лола рӯяду дар шӯрабум хас!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Донӣ, ки чӣ гуфт Зол бо Рустами гурд?

👁 15

Донӣ, ки чӣ гуфт Зол бо Рустами гурд? «Душман натавон ҳақиру бечора шумурд!» Дидем басе, ки оби сарчашмаи хурд, Чун бештар омад, шутуру бор бибурд!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Бо бадон ёр гашт ҳамсари Лут

👁 25

Бо бадон ёр гашт ҳамсари Лут, Хонадони нубувваташ гум шуд. Саги Асҳоби Каҳф рӯзе чанд Пайи некон гирифту мардум шуд.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Партави некон нагирад, ҳар кӣ бунёдаш бад аст

👁 34

Партави некон нагирад, ҳар кӣ бунёдаш бад аст, Тарбият ноаҳлро чун гирдакон бар гунбад аст.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Дарахте, ки акнун гирифтаст пой

👁 25

Дарахте, ки акнун гирифтаст пой, Ба нерӯи шахсе барояд зи ҷой. В-агар ҳамчунон рӯзгоре ҳилӣ, Ба гардун-ш аз бех барнагсилӣ.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ними ноне гар хурад марди Худо

👁 20

Ними ноне гар хурад марди Худо, Базли дарвешон кунад ниме дигар. Мулки иқле бигирад подшоҳ, Ҳамчунон дар банди иқлиме дигар!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Он шунидӣ, ки лоғаре доно

👁 17

Он шунидӣ, ки лоғаре доно, Гуфт боре ба аблаҳе фарбеҳ. Аспи тозӣ, агар заиф бувад, Ҳамчунон аз тавилае хар беҳ.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Бас номвар ба зери замин дафн кардаанд

👁 22

Бас номвар ба зери замин дафн кардаанд, К-аз ҳастияш ба рӯи замин бар нишон намонд. В-он пирлошаро, ки супурданд зери хок, Хокаш чунон бихӯрд, к-аз ӯ устухон на

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҷаҳон, эй бародар, намонад ба кас

👁 68

Ҷаҳон, эй бародар, намонад ба кас, Дил андар ҷаҳонофарин банду бас. Макун такя бар мулки дунёву пушт, Ки бисёр кас чун ту парварду кушт.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Муроди мо насиҳат буду гуфтем

👁 77

Дар ин муддат, ки моро вақт х(в)аш буд, Зи ҳиҷрат шашсаду панҷоҳу шаш буд. Муроди мо насиҳат буду гуфтем, Ҳаволат бо Худо кардему рафтем.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Бимонад солҳо ин назму тартиб

👁 20

Бимонад солҳо ин назму тартиб, Зи мо ҳар зарра хок уфтода ҷое. Ғараз нақшест, к-аз мо бозмонад, Ки ҳастиро намебинам бақое.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Гарчи шотир бувад хурӯс ба ҷанг

👁 15

Гарчи шотир бувад хурӯс ба ҷанг, Чӣ занад пеши бози руйинчанг?! Гурба шер аст дар гирифтани муш, Лек муш аст дар масофи паланг!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Аввал андеша, в-он гаҳе гуфтор

👁 36

Аввал андеша, в-он гаҳе гуфтор, Пойбаст омадасту пас девор.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Сухандони парварда пири куҳан

👁 30

Сухандони парварда пири куҳан, Бияндешад, он гаҳ бигӯяд сухан. Мазан, то тавонӣ ба гуфтор дам, Наку гӯй, гар дер гӯйӣ, чӣ ғам?!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Давлати ҷовид ёфт, ҳар кӣ накуном зист

👁 26

Давлати ҷовид ёфт, ҳар кӣ накуном зист, К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ба чӣ кор оядат зи гул табақе

👁 28

Ба чӣ кор оядат зи гул табақе, Аз «Гулистон»-и бибар варақе! Гул ҳамин панҷ рӯзу шаш бошад В-ин гулистон ҳамеша х(в)аш бошад!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Чу ҷанг оварӣ, бо касе барситез

👁 27

Чу ҷанг оварӣ, бо касе барситез, Ки аз вай гузират бувад ё гурез!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Агарчи пеши хирадманд хомӯшӣ адаб аст

👁 64

Агарчи пеши хирадманд хомӯшӣ адаб аст, Ба вақти маслаҳат он беҳ, ки дар сухан кӯшӣ. Ду чиз тайраи ақл аст — дам фурӯ бастан Ба вақти гуфтану гуфтан вақти хомӯшӣ

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Забон дар даҳон, эй хирадманд, чист?!

👁 262

Забон дар даҳон, эй хирадманд, чист?! Калиди дари ганҷи соҳибҳунар! Чу дар баста бошад, чӣ донад касе, Ки ҷавҳарфурӯшаст ё пилавар?

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Кунунат, ки имкони гуфтор ҳаст

👁 27

Кунунат, ки имкони гуфтор ҳаст. Бигӯ, эй бародар, ба лутфу хушӣ. Ки фардо чу пайки аҷал даррасид, Ба ҳукми зарурат забон даркашӣ!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Забонбурида ба кунҷе нишаста суммун букм

👁 36

Забонбурида ба кунҷе нишаста суммун букм, Беҳ аз касе, ки набошад забонаш андар ҳукм.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҳар дам аз умр меравад нафасе

👁 41

Ҳар дам аз умр меравад нафасе, Чун нигаҳ мекунам, намонд басе! Эй, ки панҷоҳ рафту дар хобӣ, Магар ин панҷ рӯз дарёбӣ?!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ
Саҳифаи 374 аз 1003