Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Сухандони парварда пири куҳан

Саъдии Шерозӣ Сухандони парварда, пири куҳан, Бияндешад он гаҳ бигӯяд сухан. Мазан бе тааммул ба гуфтор дам, Накӯ гӯй, гар дер гӯйӣ, чӣ ғам? Бияндеш в-он гаҳ баровар нафас, В-аз он пеш бас кун, ки гӯянд бас. Ба нутқ одамӣ беҳтар аст аз давоб, Давоб аз ту беҳ, гар нагӯӣ савоб. Маънои калимаҳо: 1. адиб, суханшинос. 2. тарбияёфта, озмуда, ботаҷриба. 3. андеша, фикр. 4. тафаккуру сухан, андешаю баён (нутқ фарқи асосии одам аз тамоми ҳайвонот аст). 5. ҷамъи «добба»: ҳайвонот, чорпоён. 6. дуруст, нек. (Устоди сухан) ва касе, ки мактаби суханвариро гузашта ва таҷрибаи рӯзгор ва хирад ӯро тарбият намудааст, пеш аз он, ки сухане бигӯяд, ҳатман андеша менамояд (ки чӣ бигӯяд ва оқибати суханаш чӣ хоҳад буд.) Ту низ (аз суханварони пухта ибрат омӯз) ва ҳаргиз бе фикру андеша сухан магӯй, зеро шарти ҳатмист, ки сухани нек ва дуруст гӯйӣ, аз ин рӯ, ташвиш набош, ки (ба сабаби фикру андеша) оҳиста ва дер сухан гуфтӣ. Пас, (ба хотири он, ки ҳатман сухани нек ва дуруст бигӯйӣ) аввал андеша намо ва баъд аз он нафас баровар (лаб ба сухан кушо) ва ҳамчунин, (шарти дигар ва муҳимми сухангӯӣ ин аст, ки) пештар аз он, ки (мардум аз дарозии суханат хаста шаванд ва) хоҳиш кунанд, ки бас кун, худат суханро тамом кун. (Яъне, тӯлонӣ ва хастакунанда сухан магӯй, балки кӯтоҳу дуруст гӯй).