Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҳар дам аз умр меравад нафасе

Ҳар дам аз умр меравад нафасе, Чун нигаҳ мекунам, намонд басе! Эй, ки панҷоҳ рафту дар хобӣ, Магар ин панҷ рӯз дарёбӣ?! Хаҷил он кас, ки рафту кор насохт, Кӯси риҳлат заданду бор насохт! Хоби нӯшини бомдоди раҳил, Боздорад пиёдаро зи сабил. Ҳар кӣ омад, иморате нав сохт, Рафту манзил ба дигаре пардохт. В-он дигар пухт ҳамчунин ҳавасе В-ин иморат ба сар набурд касе. Ёри нопойдор дӯст мадор, Дӯстиро нашояд ин ғаддор! Неку бад чун ҳаме бибояд мурд, Хунук он кас, ки гӯйи некӣ бурд! Барги айше ба гӯри хеш фирист. Кас наёрад зи пас, зи пеш фирист! Умр барф асту офтоби тамуз, Андаке монду хоҷа ғарра ҳануз. Эй тиҳидастрафта дар бозор, Тарсамат, пур наёварӣ дастор! Ҳар кӣ мазруъи худ бихӯрд ба хид Вақти хирман-ш хӯша бояд чид!