Гиле хушбӯй дар ҳаммом рӯзе
Гиле хушбӯй дар ҳаммом рӯзе,
Расид аз дасти маҳбубе ба дастам.
Бад-ӯ гуфтам, ки мушкӣ ё абирӣ,
Ки аз бӯйи диловези ту мастам?!
Бигуфто: «Ман гиле ночиз будам,
Валекин муддате бо гул нишастам.
Камоли ҳамнишин дар ман асар кард,
В-агарна ман ҳамон хокам, ки ҳастам!»