Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Мекунад наззора то бар рӯи он танноз рақс,
Мекунад наззора то бар рӯи он танноз рақс, Ҳамчу он тифле, ки дар гулшан кунад аз ноз рақс. Ҷилваи ҳуснаш кунун дар чашми бозам мекунад Чун хироми ҷилваи теҳу б
Чӣ имкон аст, гардад аз дилам берун таманнояш,
Чӣ имкон аст, гардад аз дилам берун таманнояш, Ки бошад суратам ойинасон маҳви тамошояш. Барои интизори ӯст тамҳиди нафас ҳар дам, Ки дар оғӯши дил аз шавқ холӣ
Дамад субҳи умеди ман агар аз шоми ҳиҷронаш,
Дамад субҳи умеди ман агар аз шоми ҳиҷронаш, Нигаҳ хуршед хирман мекунад аз рӯи тобонаш. Чӣ сон оям ба арзи ҷавҳари фарди даҳони ӯ, Ки ҳикматҳо бувад пӯшида дар
Буте дорам, ки чатри меҳр бошад зеби аврангаш,
Буте дорам, ки чатри меҳр бошад зеби аврангаш, Фалак бар чашм созад сурма хоки наъли шабрангаш. Зи ҳиҷронаш ба талхӣ ҷони ширин меканам, лекин Чу Фарҳодам дар и
Физояд ҷавҳари теғи замон аз исми субҳонаш,
Физояд ҷавҳари теғи замон аз исми субҳонаш, Кушояд махзани маънӣ зи номи поки раҳмонаш. Дари ганҷинаи дониш ба рӯи ҳар кӣ бикшояд, Диҳад таълими сад ҳикмат ба А
Ҳар кас, ки пур аз бодаи ишқ аст аёғаш,
Ҳар кас, ки пур аз бодаи ишқ аст аёғаш, Ҷуз бӯи гули айш набошад ба димоғаш. Чун сарв зи ташвиши тааллуқ бувад озод, Онро, ки зи хокистари қумрист суроғаш.
Чӣ хосият бувад, ё Раб, насиби чашми зеҳгираш,
Чӣ хосият бувад, ё Раб, насиби чашми зеҳгираш, Ки дар парвоз меояд дил аз шавқи пари тираш?! Хаёли абруяш кун, қитъаи рангин ҳавас дорӣ, Ки сармашқи шаҳодат нес
Надонам гармии хуне, ки дорад ранги таъсираш,
Надонам гармии хуне, ки дорад ранги таъсираш, Ки ҷавҳар гул кунад ойинасон аз оби шамшераш. Агар ҳушам кунад дар зулмати зулфаш шабехунро, Асас гар моҳ бошад, м
Агар бар қосиди наззора бахшад рухсати бораш,
Агар бар қосиди наззора бахшад рухсати бораш, Бисоти хирмани ҳастӣ бисӯзад барқи дидораш. Маро шуд сояи шамшод аз боли ҳумо беҳтар, Ки бошад бахти ман вобастаи
Зи худ чандон фаромӯшам, ки н-оям ҳеч дар ёдаш,
Зи худ чандон фаромӯшам, ки н-оям ҳеч дар ёдаш, Агарчи ҳамчу булбул рӯзу шаб бошам ба фарёдаш. Дар ин гулшан, надонам, оташи шавқи кӣ боло шуд, Ки қумрӣ шуд чу
Шаҳодатбисмилам аз як нигоҳи чашми мастасташ,
Шаҳодатбисмилам аз як нигоҳи чашми мастасташ, Аҷал дар хотирам н-ояд зи лаъли майпарастасташ. Муҳити кулфати ғамро дилам з-он рӯ шуда моҳӣ, Ки то берун кашад з-
Бинои ишқ гарат ҳаст, хонавайрон бош,
Бинои ишқ гарат ҳаст, хонавайрон бош, Навои сози фироқат бувад, найистон бош. Агар зи моидаи умр лаззате хоҳӣ, Ду рӯз бар сари ин хони ғам ту меҳмон бош.
Гар зиён зоҳир намоӣ, дар хаёли суд бош,
Гар зиён зоҳир намоӣ, дар хаёли суд бош, Яъс то кай? Бар умеди чеҳраи мақсуд бош! Бе нишони тири шуҳрат чанд, эй нанги адам, Як асар бигзору андар олами мавҷуд
Зи хуни дидаи ман номае ба ёр навис,
Зи хуни дидаи ман номае ба ёр навис, Ба ҷои муҳр, ки омад, ту интизор навис. Сухан зи зулфи дарозаш агар кунӣ кӯтаҳ, Ҳадиси турраи ӯро ба пушти мор навис.
Меравам аз хеш ҳар соат зи дунболи нафас,
Меравам аз хеш ҳар соат зи дунболи нафас, Маҳмили моро бувад сози шикасти дил ҷарас. Метавон имрӯз будан фарши пои офтоб, Шабравони роҳро чун соя набвад бими ка
Оҳанги кӯҳсор ту аз гӯши кар мапурс,
Оҳанги кӯҳсор ту аз гӯши кар мапурс, Ташвиши пои обила аз нештар мапурс. Аз меҳр сӯи зарра тавонӣ ту роҳ бурд, Гар хӯи ёр дидаӣ, вазъи шарар мапурс.
Аз табассум лаъли ӯ чун ғунча хандон асту бас,
Аз табассум лаъли ӯ чун ғунча хандон асту бас, Бар ҷароҳатҳои қалбам як намакдон асту бас. Гар набошад муддао арзи ниёзи хештан, Аз арақ бар рӯи соҳил мавҷи тӯф
Бас аст ойинаро кулфати ғубори нафас,
Бас аст ойинаро кулфати ғубори нафас, Ки ғайри ваҳм начинад гул аз баҳори нафас. Зи сози пардаи ҳастӣ ҳамерасад овоз, Ки нест риштаи умри ту ғайри тори нафас.
Эй орази гулгуни ту аз бода гуҳаррез,
Эй орази гулгуни ту аз бода гуҳаррез, Шамшери ҷафои ту бувад бар сари ман тез. Абрӯи ту хам гашта-ст аз бори тағофул, Аз бодаи ноз аст қадаҳи чашми ту лабрез.
Баски аз зулфи ту ман хотирпарешонам ҳанӯз,
Баски аз зулфи ту ман хотирпарешонам ҳанӯз, Сунбул аст чизе, ки мебошад ба домонам ҳанӯз. Ҳамчу шамъи нимсӯзам имшаб аз дасти ғамат, Рафта ҷонам аз тану дар кан
Қоматам хам гашт охир аз ғами болои ноз,
Қоматам хам гашт охир аз ғами болои ноз, Як сари мӯ кам мабодо аз сарам савдои ноз! Ин чӣ сомон аст, ё Раб, дар ғурурободи ҳусн, Ҳар сари мӯи ту бошад ноз бар б
Туӣ, ки нест ба хубӣ туро ба мулк назир,
Туӣ, ки нест ба хубӣ туро ба мулк назир, Ғуломи камтари даргоҳат офтоби мунир. Чу фикри аҳли хирад новаки ту сахт расост, Ки шуд зи боли уқоби хаёли ман пуртир.
Зи ҳаҷр ба пои тамошо нигоҳи ту занҷир,
Зи ҳаҷр ба пои тамошо нигоҳи ту занҷир, Зи шоми зулфи ту субҳи умед домангир! Бунафш рози ғамат шуд натиҷа мӯи сафед, Нарафта аз даҳани ӯ ҳанӯз бӯи шир.
Зибаски гаштаам аз шаҳди васли ӯ маҳҷур,
Зибаски гаштаам аз шаҳди васли ӯ маҳҷур, Мушаббак аст дили ман чу хонаи занбӯр. Ба роҳи ишқ агарчи зи нокасӣ хечам, Нагашт сурма ғуборам вале ба дидаи мӯр.
Эй хироми нози ту чун ҷилваи товуси нар,
Эй хироми нози ту чун ҷилваи товуси нар, Тойири наззораро андар ҳавоят болу пар. Гарчи шуд маҳв аз сиришкам нусхаҳои ғам, вале Гашта бар лавҳи дилам хатти ту на

