Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Биё, к-имрӯз гирди ёр гардем
Биё, к-имрӯз гирди ёр гардем, Ба сар гардему чун паргор гардем! Биё, к-имрӯз гирди худ бигардем, На гирди хонаи хаммор гардем!
Зи қанди ёр то шохе нахоям
Зи қанди ёр то шохе нахоям, Намози шом рӯза кай кушоям?! Намедонам, куҷо мерӯяд он қанд, К-аз ӯ хӯрдам, намедонам куҷоям?!
На он шерам, ки бо душман бароям
На он шерам, ки бо душман бароям, Маро ин бас, ки ман бо ман бароям! Чу хоки пойи ишқам, ту яқин дон, К-аз ин гил чун гулу савсан назоям!
Варо хоҳам, дигар ёре нахоҳам
Варо хоҳам, дигар ёре нахоҳам, Чу гулро ёфтам, хоре нахоҳам! Туро гар ғайри ӯ ёри дигар ҳаст, Бирав он ҷо, ки ман ёре нахоҳам!
Ман аз олам туро танҳо гузинам
Ман аз олам туро танҳо гузинам, Раво дорӣ, ки ман ғамгин нишинам?! Дили ман чун қалам андар кафи туст, Зи туст, ар шодмону гар ҳазинам!
Биё, к-имрӯз берун аз ҷаҳонам
Биё, к-имрӯз берун аз ҷаҳонам, Биё, к-имрӯз ман аз худ ниҳонам! Гирифтам дашнае в-аз худ буридам, На они худ, на они дигаронам!
Биё, ай он ки бурдӣ ту қарорам
Биё, ай он ки бурдӣ ту қарорам, Даро чун тунги шаккар дар канорам! Дили сангини худро бар дилам ниҳ, Намебинӣ, ки аз ғам сангсорам?!
Агар ишқат ба ҷойи ҷон надорам
Агар ишқат ба ҷойи ҷон надорам, Ба зулфи кофарат имон надорам! Чу гуфтӣ нанг медорӣ зи ишқам, Ғами ишқи туро пинҳон надорам!
Сафар кардам, ба ҳар шаҳре давидам
Сафар кардам, ба ҳар шаҳре давидам, Ба лутфу ҳусни ту касро надидам! Зи ҳиҷрону ғарибӣ бозгаштам, Дигарбора бад-ин давлат расидам!
Аё ёре, ки дар ту нопадидам
Аё ёре, ки дар ту нопадидам, Туро шакли аҷаб дар хоб дидам! Чу хотунони Миср аз ишқи Юсуф Турунҷу даст бехуд мебуридам!
Ҳасудонро зи ғам озод кардам
Ҳасудонро зи ғам озод кардам, Дили галлай харонро шод кардам! Ба бедодон бидодам дод пинҳон, Вале дар ҳаққи худ бедод кардам!
Ғуломам, хоҷаро озод кардам
Ғуломам, хоҷаро озод кардам, Манам, к-устодро устод кардам! Манам он ҷон, ки дӣ зодам зи олам, Ҷаҳони куҳнаро бунёд кардам!
Манам фитна, ҳазорон фитна зодам
Манам фитна, ҳазорон фитна зодам, Ба ман бингар, ки доди фитна додам! Зи ман магрез, зеро дарфитодӣ, Бигӯ: “Алҳамдулиллаҳ, дарфитодам!”
Биё, к-аз ишқи ту девона гаштам
Биё, к-аз ишқи ту девона гаштам В-агар шаҳре будам, вайрона гаштам! Зи ишқи ту зи хонумон буридам, Ба дарди ишқи ту ҳамхона гаштам!
Афтодам, афтодам, дар обе афтодам
Афтодам, афтодам, дар обе афтодам, Гар обе хӯрдам ман, дилшодам, дилшодам! Бар даф не, бар най не, як лаҳза бегорам, Бар хум не, бар май не пайваста бунёдам!
Бори дигар аз роҳ суйи чоҳ расидем
Бори дигар аз роҳ суйи чоҳ расидем В-аз ғурбати аҷсом ба Аллоҳ расидем! Бо асп бад-он шоҳ касе чун нарасидаст, Мо асп бидодему бад-он шоҳ расидем!
Халқон ҳама неканд, ҷуз ин тан, ки гузидем
Халқон ҳама неканд, ҷуз ин тан, ки гузидем, Ки аз сафаҳаш бас сари ангушт газидем! Гар ҳеч гурезӣ, бигурез аз ҳаваси хеш, Зеро ҳама ранҷ аз ҳаваси беҳуда дидем!
Ай хоҷа, бифармо, ба кӣ монам, ба кӣ монам?!
Ай хоҷа, бифармо, ба кӣ монам, ба кӣ монам?! Ман марди ғарибам, на аз ин шаҳри ҷаҳонам! Гар дам назанам, то ҳасади халқ наҷунбад, Донам, ки нагӯям, натавонам, к
Имрӯз, маҳо, хеш зи бегона надонем
Имрӯз, маҳо, хеш зи бегона надонем, Мастем бад-он ҳад, ки раҳи хона надонем! Дар ишқи ту аз оқилаи ақл бирастем, Ҷуз ҳолати шӯридаи девона надонем!
Чун дар адам оему сар аз ёр барорем
Чун дар адам оему сар аз ёр барорем, Аз санги сияҳ наъраи иқрор барорем! Бар коргаҳи дӯст чу бар кор нишинем, Мар ҷумла ҷаҳонро ҳама аз кор барорем!
Мо оташи ишқем, ки дар мум расидем
Мо оташи ишқем, ки дар мум расидем, Чун шамъ ба парвонаи мазлум расидем! Як ҳамлаи мардонаи мастона бикардем, То илм бидодему ба маълум расидем!
Табибем, ҳакимем, табибони қадимем
Табибем, ҳакимем, табибони қадимем, Шаробему кабобем, Суҳайлему адимем! Чу ранҷуртан оед, чу маъҷуни наҷоҳем, Чу бемордил оед, нигорему надимем!
Биҷӯшед, биҷӯшед, ки мо баҳри шиъорем
Биҷӯшед, биҷӯшед, ки мо баҳри шиъорем, Ба ҷуз ишқ, ба ҷуз ишқ, дигар кор надорем! Дар ин хок, дар ин хок, дар ин мазраъаи пок, Ба ҷуз миҳр, ба ҷуз ишқ дигар тух
Биёед, биёед, ба гулзор бигардем
Биёед, биёед, ба гулзор бигардем, Бар ин нуқтай иқбол чу паргор бигардем! Биёед, ки имрӯз баиқболу бапирӯз Чу ушшоқи навомӯз бар он ёр бигардем!
Махмураму пурхора, андоза намедонам
Махмураму пурхора, андоза намедонам, Ҷуз шеваи он ғамзай ғаммоза намедонам! Ёрон бахабар буданд, дарвоза бурун рафтанд, Ман бераҳу сармастам, дарвоза намедонам!

