Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Имрӯз, маҳо, хеш зи бегона надонем

Имрӯз, маҳо, хеш зи бегона надонем, Мастем бад-он ҳад, ки раҳи хона надонем! Дар ишқи ту аз оқилаи ақл бирастем, Ҷуз ҳолати шӯридаи девона надонем! Дар боғ ба ҷуз акси рухи дӯст набинем В-аз шох ба ҷуз ҳолати мастона надонем! Гуфтанд: “Дар ин дом яке дона ниҳодаст”, Дар дом чунонем, ки мо дона надонем! Имрӯз аз ин нуктаву афсона махонед, К-афсун напазирад дилу афсона надонем! Чун шона дар он зулф чунон рафт дили мо, К-аз бехудӣ аз зулфи ту то шона надонем! Бода диҳу кам пурс, ки чандум қадаҳ аст ин? К-аз ёди ту мо бода зи паймона надонем!