Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Махмураму пурхора, андоза намедонам

Махмураму пурхора, андоза намедонам, Ҷуз шеваи он ғамзай ғаммоза намедонам! Ёрон бахабар буданд, дарвоза бурун рафтанд, Ман бераҳу сармастам, дарвоза намедонам! З-овозаи он ёрон чун мушк ҷаҳон пур шуд, З-овоз бишуд ақлам, овоза намедонам! То рӯйи туро дидам ман ҳамчу гули тоза, Гаштам харифу куҳна, ар тоза намедонам! Гӯянд, ки Луқмонро як козаи танге буд, З-ин кӯза майе хурдам, к-он коза намедонам!