Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҷонам ба фидо бодо онро, ки намегӯям

Ҷонам ба фидо бодо онро, ки намегӯям, Он рӯз сияҳ бодо, к-ӯро бинамеҷӯям! Ябора шавам расво дар шаҳр, агар фардо Ман бар дари дил бошам, ӯ ояд дар кӯям. Гуфтам: “Санами маҳрӯ, гаҳ-гоҳ маро меҷӯ, К-аз дард ба хуни дил рухсора ҳамешӯям!”. Гуфто, ки туро ҷустам, дар хона набудӣ ту, Ё Раб, кӣ чунин буҳтон мегӯяд дар рӯям?! Як рӯз ғазалгӯён, валлоҳ, супорам ҷон, Зеро ки чу мӯ шуд ҷон, азбаски ҳамемӯям!